Ба гузориши ИКНА, нақли Анадолу, ин масҷид, ки баъд аз фатҳи Босния соли 1457 аз ҷониби давлати Усмонӣ сохта шудааст, яке аз рамзҳои фарҳангӣ ва мазҳабии Босния ва Ҳерсеговина ба шумор меравад.
Ин маросим бо ҳамкории мушовири хадамоти динӣ-и сафорати Туркия дар Сараево ва Раёсати Иттиҳоди исломии Босния ва Ҳерсеговина баргузор мегардад. Дар ин суннат, ҳар яке аз ширкаткунандагон оят ё сураеро тиловат намуда, дигарон онро пайгирӣ мекунанд.
Дар моҳи Рамазон, 24 ҳофизи қуръонӣ аз Туркия барои қироати Қуръон ва адои намози таровеҳ ба шаҳрҳои гуногуни Босния ва Ҳерсеговина фиристода шудаанд, то фазои маънавии ин айёмро барои ҷомеаи мусулмони Босния муҳайё созанд.
Масҷиди таърихии Ҳункор, бо деворҳои қадимӣ ва меъмории зебои худ, фазои хос ва маънавиро барои меҳмонон фароҳам оварда, мизбони алоқамандон ба тиловати Қуръон мебошад. Ин макон дар моҳи Рамазон ба маркази ҷамъомади маънавӣ табдил ёфтааст.
Ҳофиз Салҷуқ Гултекин дар суҳбат бо хабарнигори Анадолу изҳори хушҳолӣ намуда, гуфт, ки хидмат ба мардум дар ин масҷиди таърихӣ барои ӯ мояи ифтихор аст.
Ӯ афзуд: «Хидмат дар кишвари дорои чунин мероси таърихӣ ва фарҳангӣ барои ман шарафи бузург аст».
Гултекин ҳамчунин бо ишора ба эҳтироми мардуми Босния нисбат ба ӯ аз лаҳзаи вуруд ба ин кишвар изҳор дошт: «Босниягиҳо нисбат ба туркҳо ва ҳофизони Қуръон муҳаббати зиёде доранд ва ин муҳаббатро дар ҳар ҷо эҳсос мекунам».