Ба гузориши ИКНА ба нақли Ал-Ҷазира, рӯза гирифтан дар Туркия танҳо як фаризаи мазҳабӣ набуд, балки дар давраҳои муайян ба майдони даргирӣ миёни ҳувияти исломӣ ва сиёсатҳои секулорӣ табдил ёфт, ки қасди нобуд кардани нишонаҳои мазҳабиро доштанд. То ҷое ки масоҷид баста шуданд ва рӯза дар бархе муассисаҳои давлатӣ нишонаи ақибмондагӣ дониста мешуд, ки мардуми мусалмони Туркияро водор кард, то пинҳонӣ рӯза гиранд, гӯё даст ба ҷиноят зада бошанд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин фишорҳо, моҳи Рамазон дар зиндагии туркҳо реша давонд ва суннатҳои он насл ба насл ба ояндагон интиқол ёфт, то он ки имрӯз қисмати муҳими зиндагӣ ва ҳувияти мазҳабиву миллии ин мардум шудааст.
Соли 1923, Ҷумҳурии Туркия таъсис ёфт, аммо ҷудоии дин аз давлат пас аз соли 1924 рӯй дод, замоне ки Мустафо Отатурк империяи усмониро сарнагун кард.
Ба дунболи ин таҳаввулот, Вазорати шариат ва авқоф ва додгоҳҳои шаръии Туркия баста шуданд, то замина барои ҷудоии дин аз сиёсат дар ҳукумати нав фароҳам гардад.
Ҳукумати нав ба ин тағйирот қаноат накард, балки ҳузури мусалмононро дар ҷомеа боз ҳам маҳдудтар сохт. Пас аз лағви хилофати усмонӣ, қонуни муттаҳидсозии таълим тасвиб шуд, ки натиҷаи он басташавии мадрасаҳои исломӣ ва назорати комили низоми омӯзишӣ аз сӯи давлат буд.
Ҳамчунин, соли 1926, тақвими ҳиҷрӣ ба милодӣ иваз карда шуд, ки боиси ҳазфи мавридҳои мазҳабӣ, аз ҷумла моҳи Рамазон аз барномаҳои расмии ҳукумат гардид.
Ба гуфтаи Бенямин Кӯҷаоғлу, муҳаққиқи таърихи ислом, Ҷумҳурии Туркия дар солҳои аввали худ рӯза гирифтанро расман манъ накард, аммо маҳдудиятҳои ғайримустақим ҷорӣ намуд, то рӯза гирифтан дар ҷомеа амали номатлуб нишон дода шавад.
Тағйири Қонуни асосии Туркия дар соли 1928, танҳо як таҳрири матнӣ набуд, балки эълони расмӣ буд, ки ҳукумати Туркия дигар дини Исломро ҳамчун мабдаи ҳуқуқӣ ё иҷтимоӣ намепазирад.
Бо ҳазфи ҷумлаи "Дини давлатӣ – Ислом аст" аз Қонуни асосӣ, Ҷумҳурии Туркия пояҳои секуляризми муосир-ро гузошт ва давлат тадриҷан аз ҳувияти исломӣ ва таърихии худ ба як давлати сиёсӣ, ки динро аз ниҳодҳои давлатӣ ҷудо мекунад, табдил ёфт.
Ба гуфтаи муҳаққиқон, таҷрибаи Туркия нишон дод, ки фишорҳои мазҳабӣ боиси дурӣ аз дин намешавад, балки ҷомеаро ба пойбандии бештар ба Ислом водор мекунад. Ҳамин тавр, дар ҳоле ки ҳукумат дар даҳсолаҳои аввали худ талош мекард моҳи Рамазонро аз саҳнаи умумӣ ҳазф намояд, аммо ин моҳ дар замири мардум боқӣ монд ва ба қисмати муҳими ҳувияти миллӣ табдил ёфт.
Имрӯз, рӯза гирифтан дар Туркия на танҳо озодона анҷом дода мешавад, балки як рамзи муҳими фарҳангӣ ва мазҳабии ҷомеа ба ҳисоб меравад.