Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз Ал-Анодулӣ Арабӣ, дуо барои фаластиниҳои Навори Ғазза дар садри дуоҳои намози ҷумъаи охири моҳи мубораки Рамазон қарор дошт. Даъвати ин дуо аз оғози моҳи марти ҷорӣ дар чандин масҷиди ҷаҳони Араб ва Ислом, бахусус масҷидҳои таърихӣ, аз ҷумла масҷиди Ҳаром дар Арабистони Саудӣ, масҷиди ҷомеъи Ал-Азҳар ва масҷиди Султон Ҳасан дар Миср нашр шуда буд.
Шайх Ясир Ад-Давсарӣ, хатиби Масҷидул-Ҳаром, дирӯз дар хутбаҳои намози ҷумъа зимни дуо барои Масҷидул-Ақсо гуфт: «Худовандо! Масҷидул-Ақсоро ҳифз фармо ва онро то рӯзи қиёмат сарбаланд ва сарфароз гардон.»
Хатиби масҷиди ҷомеъи Ал-Азҳар низ дар хутбаҳои намози ҷумъа аз Худованди Мутаол барои бародарони фаластинӣ дар Ғазза ва дафъи тавтиаҳои душманон дуо кард.
Хатиби масҷиди Султон Ҳасан дар минтақаи таърихии Қоҳира, пойтахти Миср, низ хостори ҳифзи мардуми Ғазза ва пирӯзии онҳо бар душманон шуд.
Исроил аз 7 октябри соли 2023 бо ҳимояти комили Амрико дар Ғазза даст ба наслкушӣ зада, беш аз 164 ҳазор фаластиниро шаҳид ва захмӣ кард, ки бештари онҳо занон ва кӯдакон буданд. Дар ин ҷанги ноодилона зиёда аз 14 ҳазор нафар низ нопадид шудаанд.