Ба гузориши ИКНА, Музеи Исломии Пенанг (Penang Islamic Museum) як музейи ихтисосӣ дар бораи Ислом ва ёдгориҳои исломӣ дар шаҳри Ҷорҷ Таун, музофоти Пенанг дар Малайзия аст.
Тавсифи умумӣ Дар ин музей таърихи нажоди мусулмонҳои малаезӣ ва нақши онҳо дар ғанӣ кардани таърихи минтақа ва густариши дин Ислом дар он ба намоиш гузошта мешавад ва айни замон асарҳо ва маълумотҳо дар бораи шахсиятҳои барҷастаи Пенанг низ намоиш дода мешавад. Ҳамчунин, роҳи тулони зиёрати ҳоҷӣ аз самти дарё ба хоки Арабистон, ки ҳоҷиёни малаезӣ пеш аз ин меомаданд, нишон дода мешавад.
Пешина Ин музей дар як виллае, ки дар соли 1860 милодӣ сохта шуда ва баъдан таъмир шудааст, қарор дорад ва як замон макони истиқоматии як тичор фалфал буд. Корҳои таъмири вилла дар соли 1996 анҷом ёфт ва дар соли 1999 ҷоизаи беҳтарин лоиҳаро касб кард.
Музеи мазкур дар шаҳри Ҷорҷ Таун, маркази музофоти Пенанг Малайзия ҷойгир аст. Ин шаҳр бо дарбар гирифтани маданияти гуногун аз дигар шаҳрҳои ин кишвар фарқ мекунад ва майдони омехтаи мероси Исломӣ ва мероси осиёӣ аст. Ҳамчунин ёдгориҳои қадимӣ дар бораи тамаддуни Бритониё дар даврони истиклолият дар ин шаҳр дид мешавад.
Номгузорӣ Музеи Исломии Пенанг ба номи Қасри Сайид Муҳаммад Ал-Отас номгузорӣ шудааст. Вай яке аз тичорони Аче (вилояти дар Индонезия, ки ҳоло дар шимоли Суматра воқеъ аст) буд ва байни шаҳрҳои Аче ва Пенанг тиҷорат мекард. Вай дар мусаллаҳ кардани мардуми Аче дар замони ҷанги Аче бо Голландия дар асри 19 нақши муҳим дошт.
Пеш аз он ки ин қаср ба музей табдил шавад, макони истиқоматии Сайид Муҳаммад Ал-Отас ва баъдтар макони истиқоматии писараш буд. Дар он вақт маросими оғози соли ҳиҷрии Қумарӣ (Аввали Маҳаррам) бо иштироки шахсиятҳои динӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва тичорони Пенанг дар ин қаср баргузор мешуд.
Дар соли 1993, шаҳрдории Пенанг ин қасрро бо назорат аз ҷониби ҳукумати федералӣ ва кӯмаки Фаронса харидорӣ кард.
Дизайни музей Сабки меъмории Музеи Исломии Пенанг ба арафаи асри 19 милодӣ марбут аст. Ин қаср яке аз маъруфтарин биноҳои он давра дар Пенанг аст, ки дар меъморие, ки дар он бисёре аз унсурҳои исломӣ истифода шудааст.
Фаъолиятҳо Ин музей маҷмӯи зарфҳои сафолӣ, лавозими ҳаёти рӯзмарра, либосҳо ва заррутови марворидро дар худ ҷой дода аст, ки аз лиҳози зебоӣ ва арзиши ҳунарӣ ва таърихӣ бемисл мебошад.
Музей тасвири Пенангро пешниҳод мекунад, ки ба як манзараи хурд аз гузашта то ҳозир монанд аст. Ин музей кӯшиш мекунад, ки ин меросро барои аҳолии Пенанг ва меҳмонон аз тамоми гӯшаҳои ҷаҳон намоиш диҳад.
Соати корӣ Сатҳи кории ин музей дар тӯли ҳафта аз шанбе то панҷшанбе, ба ҷуз ҷумъаҳо, аз соати 9:30 субҳ то 6 шом аст ва арзиши вуруд барои шахсони калон 3 рингит (ваҳиди пулӣ аз Малайзия) мебошад.