Ба гузориши ИКНА, Муҳаммад Ал-Ҷундӣ дар гуфтугӯ бо пойгоҳи хабарии «Масравӣ» гуфт: Маҷмаи пажӯҳишҳои исломии Ал-Азҳар чанде пеш тасмиме дар бораи мамнӯъияти истифода аз коғази рангӣ барои чопи Қуръон содир кард ва танҳо ранги сиёҳро барои матни Қуръон муносиб донист.
Ӯ афзуд: Ин тасмим бо ҳадафи ҳифзи шахсият ва каромати Қуръони Карим гирифта шудааст ва бар ҳамин асос, ҳеҷ гуна иҷозат барои чоп ва нашри Қуръон бо ранги дигар дар Миср дода намешавад.
Дабири кулли Маҷмаи пажӯҳишҳои исломии вобаста ба Ал-Азҳар бо ишора ба он ки Кумитаи бозбинӣ ва назорати масоҳиф (Қуръонҳо) масъулияти бузурге дар назди Худованди Мутаол дорад, гуфт: Мавзӯи диққат ва назорат дар чопи Қуръон аз аҳаммияти бисёр баланде бархӯрдор аст ва аз ҳамин ҷиҳат, ин маҷмаъ таваҷҷуҳи хос ба он дорад.
Ал-Ҷундӣ баён дошт: Бозбинӣ ва назорати Қуръон дар Миср тавассути гурӯҳе аз мутахассисони улуми қуръонӣ, ки аз аъзои ҳайати илмии Коллеҷи Қуръон ва муассисаҳои омӯзиши қироатҳои Қуръонӣ дар Донишгоҳи Ал-Азҳар ҳастанд, анҷом мешавад.
Шоистаи зикр аст, ки Маҷмаи пажӯҳишҳои исломии вобаста ба Ал-Азҳар пештар низ бо содир кардани ҳукме, чопи Қуръон бо рангҳои «фантазӣ» ва «неонӣ»-ро дар Миср мамнӯъ эълом карда ва бо фурӯши ин нусхаҳои рангаи Қуръон дар бозори ин кишвар мухолифат кардааст.
Бар асоси дастурамали ин маҷмаъ, матни Қуръони Карим бояд танҳо бо хатти сиёҳ навишта шавад ва заминаи саҳифаҳои он низ бояд сафед ё қаймоқӣ бошад.
Ҳамчунин, бар асоси дастурамали Маҷмаи пажӯҳишҳои исломии вобаста ба Ал-Азҳар, ҳар муассисаи нашре, ки меъёрҳои таъйиншударо барои чопи Қуръон риоят накунад, ин маҷмаъ мавзӯъро ба мақомоти масъули назоратӣ гузориш медиҳад, нусхаҳои мухолифро аз бозор ҷамъоварӣ мекунанд ва он муассисаи нашр аз ҳаққи чопи Қуръон маҳрум хоҳад шуд.