Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Ал-Ҷазира, ин иқдоми исломситезона, ки шоми панҷшанбеи баробар бо 2 апрел анҷом шуд, мавҷи хашму интиқодҳои густурдаро ба дунбол дошт.
Вагнсфелд, ки ба мавқеъгириҳои ифротии зидди исломӣ машҳур аст, ин амалро ҳамзамон бо изҳороташ анҷом дод, ки дар он иддао кард: ин амал дар натиҷаи фишорҳо пас аз оташ задани парчами режими саҳюнистӣ сурат гирифтааст.
Вай дар паёме дар шабакаи "X" (Twitter-и собиқ) эълон кард:
"Пас аз эътироз ба идеологияи фасодзои Ислом дар шаҳри Арнем, навбати Амстердам расид. Ҳар касе каме фикр кунад, мефаҳмад, ки фишорҳо пас аз оташ задани парчами Исроил ба ҳадде зиёд буд, ки сӯзондани Қуръон дар маконе, ки мехостем, амалӣ шуд."
Ин сиёсатмадори ифротӣ таъкид кард, ки аз озодии баён даст нахоҳад кашид ва иддао кард, ки ҷунбиши исломситези ПЕГИДА муборизаро барои Ҳолланди орӣ аз "идеологияҳои фасодзо" идома хоҳад дод.
Ин ҳодиса боиси хашми шадиди сиёсатмадорон ва шаҳрвандони Ҳолланд гардид. Исмоил Аббосӣ, намояндаи парлумони Ҳолланд, ин ҳодисаро "таҳрики ошкоро барои нафратангезӣ" тавсиф кард ва таъкид намуд, ки сӯзондани Қуръон ба маънои таҳқири шахсият ва мақоми беш аз як миллиард нафар мусалмон дар саросари ҷаҳон аст.
Антде Граф, аккоси маъруфи ҳабарнигорӣ дар Ҳолланд, ин амалҳоро беномусона хонд ва гуфт, ки шаҳрдории Амстердам бояд масъулияти фароҳам сохтани заминаи ин иқдомро бар дӯш гирад.
Ин рӯзноманигор аз Фамка Ҳалсема, шаҳрдори Амстердам хост, ки дар бораи ин рӯйдод посухи равшан диҳад, зеро ӯ қаблан оташ задани парчами Исроилро маҳкум карда буд.
Ин аввалин иқдоми исломситезонаи Вағнсфелд нест. Ӯ қаблан эълом карда буд, ки қасд дорад пеш аз муҳокимааш дар 20 марти гузашта дар шаҳри Арнем тазоҳуроте бо шиори "Ислом аз нацизм беҳтар нест" баргузор намояд.