Ба гузориши ИКНА, имрӯз, ҳаштуми моҳи Шаввол, солрӯзи вайрон кардани қабристони Бақеъ ба дасти ваҳҳобиёни ҳукумати Оли Сауд аст. Бо вуҷуди он ки вайронии ин қабристон дар чанд марҳила сурат гирифт, аммо дар ҳашти Шавволи соли 1344 ҳиҷрии қамарӣ, пас аз тасаллути дубораи Ибни Сауд бар шаҳри Мадина, ин макони зиёратӣ комилан вайрон карда шуд. Қабрҳои Бақеъ пеш аз вайронии ҳарам зери гунбаде қарор доштанд ва дорои зарҳе (панҷараи оҳанин) буданд.
Ҳарами Имомони Бақеъ дар тарафи ғарбии қабристон ҷойгир аст, ки дар он қабри чаҳор тан аз имомони мазҳаби шиъа — Имом Ҳасани Муҷтабо (а), Имом Саҷҷод (а), Имом Боқир (а) ва Имом Содиқ (а) — дар паҳлӯи якдигар қарор доранд. Дар фосилаи чандметрии ин қабрҳои мутаҳҳар, мақбараи Аббос — аммаки Расули Худо (с) низ ҷойгир аст.
Қабристони Бақеъ яке аз қадимтарин қабристонҳои Мадина ба шумор меравад ва ба ҷуз аз имомони маъсум (а), гуфта мешавад, ки бузургон ва чеҳраҳои шинохтаи аҳли суннат низ дар он ба хок супурда шудаанд. Аз ҷумла метавон ба Усмон ибни Аффон, халифаи севум ва ҷамъкунандаи Қуръон, ва Оиша, ҳамсари Паёмбар (с) ишора кард.
Ҳамчунин қабри чанд тан аз ҳамсарони Паёмбар (с), Аббос — аммаки Паёмбар, Фотима бинти Асад — модари ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб, ҳазрати Уммулбанин — модари ҳазрати Абулфазли Аббос (а) ва бархе дигар аз бузургони Ислом дар Бақеъ воқеъ шудаанд. Аввалин нафаре, ки аз Ансор дар он ҷо ба хок супурда шуд, Асъад ибни Зурора, ва аз Муҳоҷирин Усмон ибни Мазъун будааст.
Ҳадисҳои зиёде бар фазилати дафн дар Бақеъ таъкид мекунанд. Паёмбари Худо (с) аз ҷониби Худованд амр шуда буд, ки пас аз ҳиҷрат ба Мадина, онро ҳамчун макони дафни мусалмонон баргузинад ва мурдагони мусалмонро дар он ҷо ба хок супорад ва барои онҳо дуо ва истиғфор кунад.
Бобул-Бақеъ — дарвозаи вуруд ба Масҷиди Набавӣ (с)
Бобул-Бақеъ яке аз дарвозаҳои Масҷидуннабӣ (с) дар девори шарқии он аст, ки дар канори Боби Ҷабраил, рӯбарӯи қабристони Бақеъ ва муқобили Боби Салом воқеъ аст. Рӯбарӯ будани ин дарвоза бо қабристон, сабаби номгузории он ба "Бобул-Бақеъ" шудааст.
Уламо ва донишмандони мазҳаби шиъа ба ҷуз аз эътироз ба вайронии Бақеъ, асарҳое низ дар интиқоди бунёдҳои фикрии ваҳҳобия ва таҳриб (вайронсозии) маконҳои муқаддас таълиф кардаанд. Аз ҷумла метавон ба китобҳои «Кашф-ул-иртиёб» аз Сайид Муҳсини Амин ва «Даъватул-ҳудо» аз Муҳаммадҷаводи Балоғӣ ишора кард. Гуфта шудааст, ки ваҳҳобиён аввалин гурӯҳе буданд, ки бо истинод ба дидгоҳҳои мазҳабии худ ба вайронсозии маконҳои мазҳабӣ пардохтанд.