Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Ал-Ҷазира, дар осорхонаи исломии масҷиди Ақсо, ки маҷмӯае аз китобҳо ва нусхаҳои хаттии нодир дар он нигоҳ дошта мешаванд, як нусхаи беназири Қуръон ба хатти куфӣ мавҷуд аст, ки аз сӯи Ҳасан ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абитолиб, аз насли Расули Худо (с), навишта шудааст.
Ба гуфтаи Исмоил Шарована, коршиноси бостоншинос дар масҷиди Ақсо, ин нусхаи хаттии Қуръони Карим бо хатти куфӣ, бар рӯйи пӯсти ғазол ва бо маводи сиёҳранг навишта шуда ва ҳарфҳои он дар давраҳои баъдӣ эъробгузорӣ ва нуқтагузорӣ шудаанд.
Ӯ афзуд: ин нусхаи Қуръон бо истифода аз усули «ҳисоби ҷуммал» аз дигар мусҳафҳое, ки дар осорхонаи исломӣ қарор доранд, фарқ мекунад. Дар ин мусҳаф, оятҳо бо рақамҳо рақамгузорӣ нашудаанд, балки бо ҳарфҳои арабӣ ишора шудаанд.