IQNA

Гузориши ИКНА аз видоъ бо муаллимие, ки умри худро сарфи омӯзиши каломи нур кард

Видоъи аҳли Қуръон бо устод Абдуррасул Абоӣ

22:08 - April 11, 2025
рақами хабар: 3201
ИКНА - Маросими ҷаноза ва дафни устоди Қуръон, Абдуррасул Абоӣ, субҳи имрӯз дар ҳусайнияи Карбалоииҳои Теҳрон бо ширкати пуршукӯҳи ҷомеаи қуръонӣ баргузор шуд.

Ба гузориши хабарнигори ИҚНА, ин маросим, рӯзи ҷумъа, бо ҳузури густурдаи ҷомеаи қуръонӣ, чанд насл аз шогирдони устод, дӯстдорони Қуръони Карим ва хонаводаи марҳум дар ҳусайнияи Карбалоииҳо баргузор гардид.

Ҳозирон, ки аз соатҳои аввалини субҳ ба маҳалли маросим омада буданд, бо чашмони ашкбор ва дилҳои мотамзада, бо эҳтиром ва ғам аз устоди худ видоъ карданд.

Оғози маросими маънавӣ бо тиловати Муҳаммадҳусайни Сабзаъалӣ, қории байналмилалии Қуръони Карим сурат гирифт, ки бо овози худ фазои маҷлисро ба атри ёди Худованди Мутаъол омехта ва дилҳои мотамзадаро ба зикри Худои бахшанда ва меҳрубон пайванд дод.

Пас аз анҷоми маросим дар ҳусайния, пайкари устод Абоӣ бар дӯши мардуми мотамдор ба сӯи ҳарими ҳазрати Абдулъазими Ҳасанӣ (а) ташйеъ шуд ва дар «Дорурраҳма», макони абадии хидматгузорони Қуръон, ба хок супурда шуд.

Ин видоъ, на танҳо видоъ бо як устод ва мураббии бузурги Қуръон буд, балки худоҳофизӣ бо як насли маърифат ва маънавият буд, ки дар умқи ҷомеаи қуръонӣ реша дошт.

Ҳузури густурдаи чеҳраҳои маъруфи қуръонӣ, пешкосутарон ва шогирдони устод Убоӣ дар ин маросим, нишон аз ҷойгоҳи волои илмӣ ва ахлоқии ӯ дошт; шахсияте, ки умри худро сарфи таълим, тиловат ва тарвиҷи Қуръон кард ва бо рафтани ӯ, дарди бузурге бар дили ҷомеаи қуръонии Эрон боқӣ монд.

https://iqna.ir/fa/news/4275795

captcha