«Бо забони Қуръон ошно шавем; ин яке аз имтиёзотест, ки агар битавонем дар ҷомеаи худ иҷро кунем, аз ҷумлаи чизҳост, ки маъорифи Қуръонро дар кишвар густариш медиҳад».
Ба гузориши ИКНА, дар бахше аз суханронӣ ва матолиби қуръонии ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар маҳфили унси бо Қуръон, дар оғози моҳи Рамазони 1437 ҳиҷрии қамарӣ, мувофиқ бо 18-и хурдади 1395 ҳиҷрии шамсӣ, ки бо ҳузури қориён, ҳофизон ва фаъолони қуръонӣ баргузор шуд, омадааст:
«Бо забони Қуръон ошно шавем; худамонро бо забони Қуръон ошно кунем.
Ин яке аз имтиёзотест, ки агар битавонем инро дар ҷомеаи худ таъмин кунем, бисёр хуб аст. Дар қонуни асосӣ ва низ дар қонунҳои аввалияи инқилоб бар омӯзиши забони арабӣ — ки забони Қуръон аст — таъкид шудааст. Онҳое ҳам, ки имкон надоранд ё наметавонанд, хуб, Қуръонро боз кунанд, қорӣ бихонад — дар маҳфилҳо мисли ҳаминҷо, ки қориён даҳ ё дувоздаҳ дақиқа мехонанд, онҷо як соат бихонанд, як ё ду нафар — бо садои хуш, бо шеваҳои зинати тиловат... Мардум ҳам ҳозир бошанд, Қуръонро боз кунанд, агар маъниашро намефаҳманд, тарҷумаашро нигаранд, ва гӯш диҳанд ба ончи ки тиловат мешавад. Ин аз ҷумлаи чизҳоест, ки маъорифи Қуръонро дар кишвар густариш медиҳад».