Ба гузориши ИКНА, торнамои шабакаи Ал-Ҷазира дар як гузориш китобхонаи «Роҳи Абрешим»-ро, ки тавассути як мусалмони чинӣ роҳандозӣ шудааст, муаррифӣ мекунад. Дар бахши аввал, тарзи таъсис ва коркарди китобхона ва шеваи кори Нӯҳ Аҳмад — муассиси ин китобхона — баррасӣ шуда буд. Акнун тарҷумаи бахши дувуми ин гузоришро қироат мекунед:
Нӯҳ Аҳмад дар бораи аҳаммияти интиқоли дониш ва илм ба наслҳои баъдӣ дар Чин гуфт: “Пайванди шинохтӣ барои мусалмонони Чин ва ҳатто мардумони умумии ин кишвар бисёр муҳим аст. Ба ҳамин далел, гурӯҳи китобхонаи «Роҳи Абрешим» кӯшиш дорад, ки нашрияҳои худро бештар ба шакли як донишгоҳи озод барпо кунад, ки деворе байни фарҳангҳои арабӣ, исломӣ ва чинӣ накашад ва ба ин восита дин, тамаддун, таърих, мафҳумҳои исломӣ ва ҳамчунин фарҳанги арабӣ ҳатто ба ғайримусалмонон муаррифӣ шавад.”
Дар соли 2022, китобхонаи «Роҳи Абрешим» дорои 4 шуъба дар шаҳрҳои Пекин, Шанхай, Ниншия ва Чинхай буд, аммо ба далели шароити корона ва вазъи иқтисодӣ дар солҳои ахир, маҷбурона ин 4 шуъба дар поёни соли гузашта баста шуданд ва акнун китобҳо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва муассисаҳои расмии нашр фурӯхта мешаванд.
Нӯҳ Аҳмад мегӯяд: “Дар шароити феълӣ дар Чин ва ҷаҳон мебинем, ки каломи навишташуда — ки аз садҳо ва шояд ҳазорон сол қабл навишта шуда — метавонад боз ҳам арзиши зиёд пайдо кунад. Ба ҳамин сабаб, чопи китобҳои қадимӣ яке аз роҳҳои тавоно ва камҳазина барои интиқоли дониш ва фарҳанг аст ва дар дарозмуддат ҳамчун василаи мубодилаи тамаддуну фарҳанг миёни миллатҳо боқӣ хоҳад монд.”
Аҳаммияти ин кори фарҳангӣ ва илмӣ аз он ҷост, ки бисёре аз харидорони ин китобҳо аз мардуми умумии Чин ҳастанд ва на танҳо мусалмонон. Ин китобҳо инчунин барои коршиносон, сиёсатгузорон, муҳаққиқони чинӣ ва дипломатҳои чиние, ки мехоҳанд бо фарҳанги исломӣ ва арабӣ ва ҷаҳонбинии ҷаҳони Ислом ошно шаванд, судманданд ва ин амрест, ки давлати Чин дар замони кунунӣ ба он аҳамияти фаровон медиҳад.
Дар марҳилаи аввали тарҳи китобхонаи «Роҳи Абрешим», тамаркуз бар тарҷумаи китобҳои адабӣ ва ривоятӣ ба забони чинӣ буд, то ҳамчун дарвозае барои тарҷумаи китобҳои арабӣ ва робитаи фарҳангӣ ва тамаддунӣ амал кунад. Нашриёт тавонист дар тӯли 10 сол беш аз 80 унвон китобро мунташир намояд.
Яке аз китобҳое, ки ба забони чинӣ тарҷума шудааст, «Гулистон»-и Саъдӣ мебошад, ки аз муҳимтарин осори адабиёти форсӣ маҳсуб мешавад. Тарҷумони ин китоб шахси мусалмону маъруф бо номи Шайх Муҳаммад Макин аст, ки нахустин тарҷумони Қуръон ба забони чинӣ ба шумор меравад. Ӯ аз муассисони факултаи омӯзиши улуми арабӣ дар Донишгоҳи Пекин буд.
Аз аввалин китобҳо дар бораи сирра ва зиндагии Паёмбар, китоби «Зиндагии ҳазрати Муҳаммад (с)» таълифи Муҳаммад Ҳусейн Ҳайкал мебошад, ки панҷ бор аз нав чоп шуда ва талабот барои чопҳои бештар низ вуҷуд дорад. Ҳамчунин, китоби «Зиндагиномаи ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб (а)» аз доктор Алӣ Саллобӣ низ ба забони чинӣ тарҷума шудааст.
Китобхонаи «Роҳи Абрешим» маҷмӯае аз 6 китоб дар бораи ҳикмат, таърих ва фалсафаро низ аз забони чинӣ ба арабӣ тарҷума ва ба ду забон мунташир кардааст, аз ҷумла китобҳои Чаншу, Лаотсе ва гуфторҳои Конфутсий.
Ин китобхона дар марҳилаи дувуми лоиҳаи худ рӯйхате аз китобҳоро барои тарҷума ва чоп омода кардааст, ки қарор аст аз оғози соли 2025 чопи онҳо оғоз гардад ва корҳои тарҷума ва вироиши бештари онҳо анҷом ёфтааст. Ин рӯйхат наздики 200 номгӯй китобро дарбар мегирад, ки бо ҳадафи тақвияти гуфтугӯ миёни фарҳангҳои арабӣ, исломӣ ва тамаддуни мардуми Чин чоп хоҳанд шуд.
Аз муҳимтарин ин китобҳо, «Сиҳоҳ Ситта» дар 38 ҷилд аст, ки тарҷумаи онҳо ба поён расида ва феълан дар марҳилаи вироиш қарор дорад. Ин тарҷума чандин сол тӯл кашида ва бори аввал аст, ки китобҳои ҳадисии Сиҳоҳ — ки дорои аҳодиси Паёмбари Ислом (с) ва аз муҳимтарин китобҳои аҳли суннат ҳастанд — ба забони чинӣ мунташир мешаванд. Инчунин, бори аввал дар таърихи Чин аст, ки ин китобҳо ба ду забон — арабӣ ва чинӣ — ба шакле нашр мешаванд, ки дар ҳар саҳифа матни аслӣ ва тарҷумаи чинӣ ҳамзамон ҷой дода шудаанд.
Тарҷумони ин шашкитобӣ Мӯсо Ю Тунг Ҷин аз вилояти Ниншияи ҷанубу ғарбии Чин ва имомхатиби масҷиди он минтақа аст, ки дар шароити бисёр душвори иқтисодӣ ва ҷисмонӣ ин корро анҷом додааст.
Аз ҷумла китобҳои таърихие, ки нашриёти китобхонаи «Роҳи Абрешим» дар даст чоп дорад, ду китоб дар бораи ҳукумати Умавиён ва Аббосиён аз Муҳаммад Хизр Бек ва чаҳор китоб дигар дар бораи ҳукуматҳои Зангиён, Фотимиён, Салҷуқиён ва Усмониён аз доктор Алӣ Саллобӣ ва як китоби дигар дар бораи давлати Сафавиён аз Муҳаммад Суҳайл Тақуш мебошанд.
Ин китобхона тасмим дорад, ки китобе тақрибан 1000-саҳифаӣ дар бораи ҳамсарону духтарони Паёмбар (с), ки зиндагиномаи ононро фаро мегирад, чоп ва мунташир кунад. Ин китоб як доираи-ул-маорифи маъруф таълифи Ойша Абдурраҳмон Бинтушшотӣ мебошад, ки ба воситаи Фарида Ванг Фу, шогирди марҳум Абдурраҳмон Макин, ба забони чинӣ тарҷума шудааст.
Китобхонаи «Роҳи Абрешим» аз китобҳои фиқҳӣ низ ғофил намондааст ва гурӯҳи тарҷумонҳо, китоби «Хироҷ» таълифи Қозиюлқузот Абуюсуф Ансорӣ — шогирди Имоми Аъзам Абуҳанифа — ро ба далели аҳаммияташ барои мусалмонони мазҳаби ҳанафии Чин тарҷума кардаанд.
Китоби «Қонун»-и Ибни Сино низ дар рӯйхати китобҳои дар ҳоли чопи ин китобхона қарор дорад, ки дар 5 ҷилд аст ва 5 тарҷумон барои муддати тақрибан 8 сол машғули тарҷумаи он буданд. Интизор меравад, ки ин китоб барои табибон ва донишҷӯёни тибби суннатӣ дар Чин аҳаммияти фаровон дошта бошад.
Нашриёти китобхонаи «Роҳи Абрешим» дар оянда тасмим дорад, севумин маҷмӯа аз китобҳои тахассусӣ дар бораи забони арабӣ, фиқҳ, усул, улуми ҳадис, тафсир ва улумулқуръон, инчунин чанд китоб ва романе дар бораи масъалаи Фаластин ва таърихи он дар даҳаҳои гузашта ба чоп омода кунад. Ин китобҳо барои донишгоҳҳо, муҳаққиқон ва зиёиёни чинӣ лозим аст, то ҳамчун китобҳои марҷаъ аз онҳо истифода баранд ва бо масъалаи Фаластин — ба вижа дар шароити кунунӣ, ки Фаластин гирифтори ҷиноятҳои бешумори саҳюнистҳост — ошно шаванд.