IQNA

Оғози ҳамоиши «Мақосидул Қуръон» дар Шорҷаи Иморот

21:22 - April 18, 2025
рақами хабар: 3229
ИКНА - Ҳамоиши «Мақосидул Қуръон» (Ҳадафҳои Қуръон) аз ҷониби факултаи шариат ва маорифи исломии Донишгоҳи Шорҷа бо ҳузури шахсиятҳои исломӣ аз чанд кишвари гуногун баргузор гардид.

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз Шорҷа 24, ин ҳамоиш дар толори «Розӣ»-и Донишгоҳи Шорҷа баргузор шуд.

Ҳамид Муҷаввил Нуъаймӣ, раиси Донишгоҳи Шорҷа дар суханони худ ба ҳимояти аз фаъолиятҳои донишгоҳ ишора кард, ки сабаб шудааст то ин донишгоҳ битавонад роҳи илмӣ ва академии худро бо муваффақият идома диҳад.

Нуъаймӣ бар аҳамияти ин конфронс ва аҳдофи он дар хидмат ба таҳқиқоти илмӣ таъкид карда, гуфт: Донишгоҳи Шорҷа бар асоси барномаҳои стратегии мушаххас амал мекунад ва барои сохтани фардои беҳтар барои башарият ва мутолиаи таъсироти маърифатӣ ва тамаддунии Ислом кӯшиш мекунад.

Раиси донишгоҳ дар анҷоми суханонаш аз ҳимоятгарон, даъватшудагон ва донишмандоне, ки аз кишварҳои мухталиф барои ширкат дар ин конфронс ҳозир шуда буданд, изҳори сипос кард.

Шайх Солеҳ бин Абдуллоҳ бин Ҳумайд, мушовири дарбори подшоҳии Арабистони Саудӣ ва имом ва хатиби масҷиди Ҳаром дар Макка, низ ба навбаи худ аз талошҳои анҷомшуда дар созмондиҳӣ ва баргузории ин ҳамоиш, ки ба яке аз муҳимтарин мавзӯъот, яъне аҳдофи Қуръони Карим — монанди тавҳид, ибодат, убудият, адолат, раҳмат ва каромати инсонӣ — пардохтааст, қадрдонӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, ин аҳдоф дар посдорӣ аз усули аслии Ислом ва тарбияи нафси инсон нақши бисёр муҳимеро ифо мекунанд.

Имоми масҷиди Ҳаром ба аҳамияти мутолиаи ҷиддии Қуръон ва ихтисос дар улуми он ва тадаббур (тафаккур)-и амиқ дар аҳдофи он таъкид кард, ки ҳақоиқ ва вижагиҳои Исломро ошкор мекунад ва инсонро ба маънӣ ва арзишҳои он роҳнамоӣ намуда, ба асрор ва аҳдофи Қуръон мерасонад.

Ӯ гуфт: аҳдофи мавриди назари Қуръон, он аҳдофест, ки Қуръон барои онҳо нозил шудааст: расидан ба убудияти Худо ва таъмини манофеи бандагон дар дунё ва охират.

Солеҳ бин Абдуллоҳ бин Ҳумайд дар анҷоми суханонаш бо ишора ба ин ки Қуръоншиносӣ рукни асосӣ дар сохтани ҳувияти исломӣ ва талқини арзишҳои маънавӣ ва ахлоқист, изҳор кард: анҷоми чунин таҳқиқот аз тарафи муассисаҳои таълимӣ, танҳо барои омӯзиши матнҳо нест, балки барои татбиқи аҳкоми Қуръон дар зиндагии афрод ва ҷомеаҳо мебошад. Ин амр ниёз ба фаҳми амиқ аз аҳдофи китоби илоҳӣ дорад.

Шайх Муҳаммад Ад-Дувайнӣ, муовини раиси Ал-Азҳари Миср низ дар суханонаш аз талошҳои уламои исломӣ дар шинохт ва баёни аҳдофи Қуръони Карим ва тафсиру тадаббур дар маъниҳои он ёдовар шуд.

Муовини Ал-Азҳар бо ишора ба аҳамияти мутолиаи Қуръон ва шинохти аҳдофи он гуфт: Қуръони Карим барои мушкилоти воқеии зиндагӣ роҳҳалҳои муассир пешниҳод мекунад ва дармонҳои муассире барои бемориҳои рӯҳиву равонӣ тавсия медиҳад.

Ӯ афзуд: такрори мутолиаи Қуръон ба мо ёдовар мешавад, ки мо уммате ҳастем бо таърих ва ҳувияте устувор мисли кӯҳҳои баланд.

Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки оятҳои Қуръон ба мо ахлоқеро, ки бояд доро бошем, ёдовар мешаванд ва аҳкоми он ба мо таъкид мекунанд, ки мо уммати илм ва амалем.

Дар анҷоми маросими ифтитоҳия, Шайх Султон бин Аҳмад Ал-Қосимӣ, муовини ҳокими Шорҷа, аз суханварони асосӣ ва ҳимматкунандагони ин конфронс аз муассисаҳои мухталиф тақдир кард.

https://iqna.ir/fa/news/4276931

captcha