IQNA

Ҳамлаҳои нажодпарастона ба ду бозигари мусалмони футбол дар Испания

21:23 - April 18, 2025
рақами хабар: 3230
ИКНА - Бино бар эъломи Вазорати муҳоҷирати Испания, ду бозигари маъруфи мусалмон аз дастаҳои «Барселона» ва «Реал Мадрид» мавриди бархурдҳои нажодпарастона қарор гирифтаанд.

Ба гузориши ИКНА, Вазорати муҳоҷирати Испания эълом кард, ки дар моҳи Рамазони гузашта, нафратпарокании рӯ ба афзоиш алайҳи мусалмонон дар ин кишвар ба таври нигаронкунанда сабт шудааст. Бархе аз чеҳраҳои маъруфи варзишӣ, аз ҷумла Ламин Ямал ва Браҳим Диас, бозигарони мусалмони дастаҳои «Барселона» ва «Реал Мадрид», ҳадафи ин бархурдҳо қарор гирифтаанд.

Бар асоси гузориши моҳи мартии Маркази назорати нажодпарастӣ ва бегонашиканӣ дар Испания (Oberaxe), дар давоми моҳи Рамазон тақрибан 5 дарсад афзоиши эҳсосоти нафратпарокании мазҳабӣ мушоҳида шудааст.

Вазорат дар як баёнияи расмӣ таъкид кардааст, ки аъмоли ҷомеаи мусалмон дар моҳи Рамазон ба ҳадафи бадбинӣ табдил ёфта, изҳороте душманона ба монанди даъват ба ихроҷи мусалмонон ва муаррифии онҳо ҳамчун «таҳдиди умумӣ» бештар гардидааст. Ин ҳама нишон аз ташдиди хатарноки суханони нафратангез алайҳи ақаллияти мусалмон дорад.

Дар ҳамин замина, Ламин Ямал, бозигари ҷавон ва мусалмони дастаи «Барселона» бинобар пойбандии мазҳабии худ мавриди ҳамлаҳои мустақими кампини нажодпарастона қарор гирифтааст. Вай дар мавриди суханоне қарор гирифтааст, ки дар онҳо даъват ба ихроҷи ӯ аз дастаи миллӣ ва ҳатто аз Испания садо додааст.

Ҳамин тавр, Браҳим Диас, бозигари марокашии дастаи «Реал Мадрид» низ бинобар асли марокашӣ ва риояи суннатҳои моҳи мубораки Рамазон, мавриди изҳорот ва бархурдҳои таҳқиромез қарор гирифтааст.

Гузориши Вазорати муҳоҷирати Испания нишон медиҳад, ки 49 дарсади муҳтавои нафратангез дар моҳи март ба мавзӯи амнияти умум рабт дошта, ки асосан мусалмонон ва шаҳрвандони кишварҳои Шимоли Африқоро ҳадаф қарор додааст. 26 дарсади дигар ба сиёсати иқтисодӣ, аз ҷумла ёрӣҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои қабул ва пуштибонии муҳоҷирон дахл дорад. Ҳамчунин 6.67 дарсад ба ҳузури кӯдакони муҳоҷири бекас дар минтақаҳои гуногуни Испания вобаста будааст.

Ин вазорат инчунин аз вокуниши заифи шабакаҳои иҷтимоӣ ба муҳтавои нажодпарастона интиқод карда, эълом намуд, ки платформаҳое мисли X (Твиттер) ва YouTube ҳеч кадом аз муҳтавои гузоришшударо ҳазф накардаанд. Дар муқоиса, Facebook танҳо 8 дарсад ва Instagram 23 дарсади ин муҳтавоҳоро ҳазф кардаанд. Дар ҳоле ки TikTok бо ҳазфи 92 дарсад посухгӯтарин шабакаи иҷтимоӣ дар ин замина будааст.

https://iqna.ir/fa/news/4276842

captcha