IQNA

Лағви раводиди 1500 донишҷӯи пуштибони Фаластин дар Амрико

9:21 - April 20, 2025
рақами хабар: 3235
ИКНА - Давлати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико раводиди таҳсилии тақрибан 1500 донишҷӯи хориҷиро ба далели ҳимоят аз ҳуқуқи фаластиниҳо лағв кардааст; ин иқдом боиси нооромӣ ва ихтилол дар зиндагии рӯзмарраи онҳо шудааст.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Middle East Eye, зиндагии зиёда аз 1500 донишҷӯи хориҷӣ дар Амрико пас аз лағви раводидҳои таҳсилии F-1 ва J-1 дар ҳафтаҳои ахир ба ҳам хӯрда, онҳо дар ҳолати ҳуқуқии норавшан қарор гирифтаанд.

Бар асоси таҳқиқи нашрияи Inside Higher Ed, донишҷӯёни беш аз 240 донишгоҳи амрикоӣ бо мушкили тағйири вазъи ҳуқуқии иқомати худ рӯ ба рӯ шудаанд. Ин ба маънои он аст, ки онҳо дигар наметавонанд таҳсилоти худро ба таври ҳузурӣ идома диҳанд ва эҳтимолан бояд ба кишварҳои худ бозгарданд.

Се донишгоҳ ба Middle East Eye гуфтаанд, ки қаблан ҳеч гуна огоҳӣ дарёфт накардаанд ва далели лағви раводиди донишҷӯён низ барояшон норӯшан аст. Донишгоҳи Вашингтон эълом кардааст, ки раводиди таҳсилии 13 донишҷӯи нав ва 10 нафар аз донишомӯзони таҳсилоти такмилиро лағв кардааст.

Ҳамчунин, донишгоҳи Коннектикут лағви раводиди 12 донишҷӯ (аз ҷумла 6 донишҷӯи таҳсили аввал ва 6 донишҷӯи таҳсилоти олӣ) ва як донишомӯзи бахши касбии магистриро таъйид кардааст. Донишгоҳи Ратгерз дар иёлати Ню Ҷерсӣ низ хабар додааст, ки даҳҳо донишҷӯи он таҳти таъсири ин иқдом қарор гирифтаанд.

Бо вуҷуди ин, донишгоҳи Вашингтон дар баёнияе расмӣ изҳор дошт, ки ҳеч аломате аз он ки лағви раводидҳо ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ сурат гирифта бошад, вуҷуд надорад ва изофа кард: «Мо ҳеч нишонае надорем, ки ин иқдомот ба хотири фаъолият ё истифода аз озодии баён анҷом шуда бошад».

Аммо ҳамаи ин ҳолатҳо як хусусияти муштарак доранд: ҳеч яке аз ин донишҷӯён ба ҳеч ҷинояте муттаҳам нашудаанд. Ба ҷои он, ҳукумат аз як қонуни муҳоҷират истифода мекунад, ки камтар мавриди истинод қарор мегирад ва ба вазири умури хориҷӣ иҷозат медиҳад, ки агар ҳузури як фардро хатаре барои сиёсатҳои хориҷии Амрико бидонад, метавонад раводиди ӯро лағв намояд.

Дар поёни моҳи март, Марко Рубио, вазири умури хориҷии Амрико, эълом кард, ки агар донишҷӯён дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ ширкат кунанд, Вашингтон раводидҳои қаблан содиршударо лағв хоҳад кард. Ӯ дар як нишасти матбуотӣ гуфта буд: «Мо ба шумо раводид додем, ки биёед ва таҳсил кунеду мадрак бигиред, на он ки табдил ба як фаъоли иҷтимоӣ шавед ва донишгоҳи моро ба ҳам бизанед».

Ӯ дар ҳамон замон изҳор дошт, ки эҳтимолан беш аз 300 раводидро лағв кардааст ва гуфт: «Шояд дар ин марҳила беш аз 300 раводид бошад. Мо ҳар рӯз ин корро анҷом медиҳем. Умедворам зудтар ба поён расад ва аз ҳамаи онҳо халос шавем. Мо ҳар рӯз дар пайи он "девонаҳо" ҳастем, ки ҳама чизро ба ҳам мезананд».

Амир Маклад, вакили муқими Мичиган, ки аз муътаризони ҳомии Фаластин дифоъ мекунад, гуфтааст, ки Рубио мухолифонро ба ҳайси таҳдиди амнияти миллӣ муаррифӣ мекунад. Ӯ илова кардааст: «Он чи мебинем ва шоҳиди он ҳастем, кӯшиши ҳамоҳангшуда барои ҷазо додани донишҷӯёни муътариз аст, ба вижа вақте ки сухан аз тазоҳуроти ҷонибдори Фаластин меравад. Чунин рафтор қаблан танҳо як мухолифати оддии сиёсӣ маҳсуб мешуд».

https://iqna.ir/fa/news/4277132

captcha