IQNA

Ҳузури ۲۲ кишвар дар мусобиқоти қуръонии минтақаи Балкан

22:17 - April 21, 2025
рақами хабар: 3242
ИКНА - Вазорати умури исломӣ, таблиғ ва иршоди Арабистони Саудӣ марҳалаи муқаддамотии севвумин давраи мусобиқоти байналмилалии ҳифзи Қуръон дар минтақаи Балканро дар воҳидоти динӣ (воҳидоти исломӣ)-и сафорати Арабистон дар Босния ва Ҳерсеговина баргузор кард.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Ал-Явм, ин мусобиқоти ҳифз ва тиловати Қуръон рӯзи шанбе бо ҳамкории машиҳати исломии (идораи умури мусалмонон) Косово, сафорати Арабистон дар Албания ва бо ширкати 2 ҳазору 350 ширкаткунандаи зану мард аз 22 кишвар баргузор шуд.

Кишварҳои ширкаткунанда дар ин мусобиқот иборатанд аз: Косово, Албания, Босния ва Ҳерсеговина, Черногория, Македонияи Шимолӣ, Италия, Туркия, Юнон, Булғористон, Чехия, Қибрис, Словения, Хорватия, Руминия, Сербия, Эстония, Белгия, Украина, Гурҷистон, Русия, Беларус ва Сан-Марино.

Аз миёни ширкаткунандагон, 160 нафар ба марҳалаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Ин марҳала аз 8 то 11-уми майи соли 2025 (18 то 21-уми урдибиҳиштмоҳи соли ҷорӣ) дар шаҳри Прештина, пойтахти Косово баргузор хоҳад шуд.

Риштаҳои ин мусобиқот иборатанд аз:

  • Ҳифзи кулли Қуръон, Ҳифзи 10 ҷузъ, Ҳифзи 5 ҷузъ, Ҳифзи 2 ҷузъ, Тиловати 5 ҷузъи Қуръон бо таҷвид ва ҳусни адо.

Маблағи 500 ҳазор риёли саудӣ ба унвони ҷоиза ба бартарони ин мусобиқот тақдим хоҳад шуд.

Шайх Наим Тернава, муфтии Косово ва раиси машиҳати исломии ин кишвар, дар суханоне аз талошҳои Арабистон барои баргузории ин мусобиқот қадрдонӣ кард ва гуфт:
«Арабистон ҳамеша ҳомии машиҳати исломии Косово будааст ва мо аз ин кишвар барои баргузории марҳалаи ниҳоии бузургтарин мусобиқоти қуръонии минтақаи Балкан дар Косово ташаккур мекунем.»

Гуфтанист, Вазорати умури исломии Арабистон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон мусобиқоти дохилӣ, минтақавӣ ва байналмилалии ҳифз, тиловат ва тафсири Қуръонро баргузор мекунад ва доварони байналмилалӣ ва коршиносони улуми қироат бо назорат ба ин мусобиқот, масъулияти довариро бар уҳда доранд.

Ин мусобиқот бо истиқболи мусалмонони ҷаҳон рӯбарӯ мешавад ва дар он мусалмонони кишварҳои мухталиф ба ҳадафи нашри арзишҳо ва мабонии қуръонӣ, гирди Қуръон ҷамъ меоянд.

https://iqna.ir/fa/news/4277400

captcha