IQNA

Намоиши осори хушнависи катибаҳои қуръонӣ ва масоҷиди Афғонистон дар Ҳирот

22:18 - April 21, 2025
рақами хабар: 3243
ИКНА - Намоишгоҳи осори хаттотӣ бо ҳадафи қадрдонӣ аз талошҳои ҳунарии устод Наҷибуллоҳ Анварӣ, хушнависи маъруфи катибаҳои қуръонӣ ва миҳробҳои масоҷиди Афғонистон, дар толори ҳамоишҳои Алома Салҷуқӣ дар шаҳри Ҳирот дар ҳоли баргузорӣ аст.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз "Садои Афғон", ин намоишгоҳи чаҳоррӯзаи хаттотӣ ба ибтикори анҷумани хаттотони Ҳирот ва бо ҳамкории раёсати иттилоот ва фарҳанги ин вилоят дар толори Алома Салҷуқӣ барпо шудааст. Дар ин намоишгоҳ даҳҳо асари хушнависии ин ҳунарманди барҷастаи муосир ба намоиш гузошта шудааст.

Абдулҷалил Тавоно, раиси Анҷумани хаттотони Ҳирот, дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ гуфт:
«Дар ин намоишгоҳ ۶۵ асари ҳунарӣ, ҳамроҳ бо ду асари устод Наҷибуллоҳ Анварӣ, ба хатти настаълиқ, шикаста-настаълиқ, сулс ва низ хатти куфӣ ба маърази дид гузошта шудааст.»

نمایش آثار خوشنویس کتیبه‌های قرآنی و مساجد افغانستان در هرات

Ӯ ҳамчунин афзуд:
«Ин намоишгоҳ ба манзури қадрдонӣ ва рӯнамоии осори устод Анварӣ, ҳунарманди таво ва барҷастаи соҳаи наққошӣ ва хаттотӣ, аз рӯзи якшанбеи ҳафтаи ҷорӣ то рӯзи чоршанбеи 3-юми урдибиҳишт (баробар бо 23-уми апрел) идома хоҳад дошт.»

Гуфта мешавад, ин нахустин намоишгоҳест, ки ба мақсади қадрдонӣ аз талошҳои ин ҳунарманди хушнавис баргузор мешавад.

Устод Наҷибуллоҳ Анварӣ, фарзанди шодравон Насруллоҳхон, яке аз омӯзгорони собиқадор ва шахсиятҳои маъруфи шаҳри Ҳирот аст. Ӯ дар соли 1348 хуршедӣ дар маҳаллаи қадимии бозори Ироқи шаҳри бостонии Ҳирот ба дунё омадааст.

Ончи устод Анвариро аз ҳамтоёни худ мутафовит месозад, нашри гирдоварии ҳунарии ӯ бо номи «Тиловати Най» аст, ки дар дохил ва хориҷи Афғонистон маъруф шуда, мавриди истиқбол қарор гирифтааст.

https://iqna.ir/fa/news/4277571

captcha