Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Сабақ, ин намоишгоҳ дар маросиме бо ҳузури Фарид бин Саъад Аш-Шаҳрӣ, мудири кулли намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар минтақаи Макка ва бо ҳамкорӣ бо осорхонаҳои Маркази ҳунарҳои исломии Арабистон ифтитоҳ шуд. Ҳасан Зарнагор — сарконсули Эрон дар Ҷидда, бархе аз сарконсулҳои кишварҳои дигар, намояндагони утоқҳои бозаргонӣ, шахсиятҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар ин маросим ширкат доштанд.
Ҳасан Зарнагор дар суханронии худ дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ изҳор дошт: номи намоишгоҳ бо илҳом аз сураи «Қалам» дар Қуръон интихоб шудааст ва ин сура дорои рамзҳои амиқе дар бораи навиштан ва донишандӯзӣ аст.
Ӯ бо таъкид бар аҳамияти ҳунар ва фарҳанг ҳамчун абзорҳои муассир барои наздиксозии миллатҳо ва давлатҳо илова кард: намоишгоҳҳои ҳунарӣ метавонанд василаи интиқоли паёмҳои сулҳ ва садоқат миёни миллатҳо бошанд.
Ҳасан Зарнагор таъкид кард, ки Эрон ва Арабистон соҳиби тамаддуни аслӣ ва фарҳанги ғанӣ ҳастанд, ки аз таваҷҷуҳи муштарак барои ҳифзи мероси исломӣ ва қуръонӣ шаҳодат медиҳанд.
Ӯ дар поён бо қадрдонӣ аз ширкаткунандагони маросими ифтитоҳи намоишгоҳи хаттотии қуръонӣ гуфт: ин навъи ҳамкорӣ нишонгари алоқаи муштарак барои ҳамзистии фарҳангӣ ва тақвияти тафоҳуми минтақаӣ мебошад.