Ба гузориши ИКНА, сомонаи шабакаи Ал-Ҷазира дар як гузориш таърихи зуҳур ва тавоноии хахомҳои саҳюнистиро дар Фаластини ишғолӣ ва таъсири онҳо дар таъйини сарнавишти ин минтақа баррасӣ кардааст. Баргардони қисми аввали ин гузоришро мехонед:
Дар моҳи марти соли 2024, хахом «Илияҳу Мали», раиси мадрасаи динӣ «Шират Моше» дар Яфо, даъват кард, ки ҳамаи сокинони Ғазза, аз ҷумла занону кӯдакон, кушта шаванд ва инро бар асоси таълимоти дини яҳуд дуруст донист. Ӯ ҳамчунин ҷанг алайҳи Ғаззаро ҷанги динӣ хонда, талаб намуд, ки дар Навори Ғазза касе набояд зинда монад!
Ин фатво, ки Илияҳу онро мутобиқ ба дини яҳуд мешуморид, таърихи хахомҳо ва ниҳоди хахомиро дар Исроил равшан мекунад ва нишон медиҳад, ки чӣ гуна дар тӯли бештар аз 100 сол як ҷараёни ростгарои ифротӣ ташкил шуд, ки бо гузашти замон ба қудрати аслии пушти пардаи режими саҳюнистӣ табдил ёфт.
Ҳоло бояд дид, ки хахомҳо чӣ гуна тавонистанд аз ҷараёнҳои саҳюнистии дунявӣ барои расидан ба аҳдофи худ истифода баранд ва чӣ чиз ин ҷараёни саҳюнистии мазҳабиро дар гузашта ва имрӯз дар Исроил барҷаста кардааст?
Поягузорони аввалин:
Хахом Зви Ҳирш Калишер (1795–1874), яҳудии ортодокси олмонӣ, ҳамчун пешоҳанги равшанфикр ва соҳиби афкору андешаҳои ҷасурона, пеш аз Теодор Ҳертсел — бунёдгузори саҳюнизми сиёсӣ — шинохта мешавад. Ӯ бо пешниҳоди як нигоҳи мазҳабии амиқ, хостори кӯч додани яҳудиён ба Фаластин шуд ва таъкид мекард, ки муҳоҷират ба ин сарзамин танҳо як интихоби амалӣ нест, балки вазифаи маънавиест, ки дар худ паёми рисолати илоҳиро дарбар мегирад.
Дар соли 1898, як конфронси саҳюнистӣ дар Русия баргузор шуд, ки 14 хахом аз миёни 140 намоянда дар он иштирок карданд ва хахом Исҳоқ Яъқуб Райнс ҳамаи онҳоро зери чатри ҳизби «Мизрахӣ» муттаҳид сохт. Ин ҳизб аввалин ҳизби сиёсие бо андешаи саҳюнизми мазҳабӣ буд ва талаб мекард, ки барои таъсиси «Исроил» ва ҳукмронии яҳуд амалҳои муассир анҷом дода шавад, бидуни он ки интизори зуҳури Масеҳи наҷотбахш шаванд.
Ҳамзамон дар Аврупои Шарқӣ дар асри XIX, суннатҳои сахтгири ортодоксии яҳудӣ, ки бозгашт ба «Сарзамини ваъда»-ро бо зуҳури Масеҳ иртибот медоданд, ҳукмфармо буданд. Аммо саҳюнизми мазҳабӣ ҳамчун як ҷараёни мӯътадили инноватор зуҳур кард, ки кӯшиш мекард имони мазҳабиро бо орзуҳои саҳюнистии сиёсӣ оштӣ диҳад.
Интиқоли ақидаҳо ба Исроил:
Ин ҷунбиш бар ду мафҳум такя мекард: «миллати баргузида» ва «сарзамини ваъдашуда», ки баргирифта аз андешаҳои хахомҳое мисли Аброҳом Кук буд. Ӯ падари маънавии саҳюнизми мазҳабӣ дониста мешавад ва истиқомати яҳудиёнро дар Фаластин бо тавба ва наҷоти илоҳӣ вобаста медонист.
Саҳюнизми мазҳабӣ дар сояи давлати Исроил:
Бо таъсиси Исроил, саҳюнизми мазҳабӣ бо нуфуз ба муассисаҳои расмӣ ва миллӣ, монанди «Хонаи Бузурги Хахомҳо», Вазорати корҳои динӣ ва артиш, худи худро тақвият бахшид. Ҳар шаҳр ё шаҳрак хахоми махсуси худро дошт ва ҳар муассисаи низомӣ низ хахоми хос дошт.
Бо вуҷуди он ки дар аввал яҳудиёни мазҳабӣ ба сабабҳои динӣ аз хидмат дар артиш рӯй мегардонданд, аммо дар соли 1965 бо фатвои хахом Зви Кук, ки хидмати ҳарбиро вазифаи мазҳабӣ донист, муҳоҷирати васеъ ба артиш оғоз шуд ва омӯхтани Таврот бо омӯзиши низомӣ дар мактабҳои махсус ҳамроҳ карда шуд. Ин амал роҳро барои ҳамгироии яҳудиёни мазҳабӣ дар матни иҷтимоӣ ва низомии давлат ҳамвор кард.
Ҷанги соли 1967, ки бо ишғоли Қудс, Халила (ал-Халил), манотиқи Каронаи Ғарбӣ, Ҷувлон ва Сино анҷомид, нуқтаи гардиши асосӣ барои саҳюнистҳо буд. Чун хахом Зви Кук, писари хахом Аброҳом Кук, ин рӯйдодро пирӯзии илоҳӣ дониста, арзиши динӣ ва муқаддасоти сарзаминҳои ишғолшударо таъкид кард. Ин дидгоҳ боиси густариши бештари шаҳраксозӣ дар манотиқи ишғолӣ шуд.