Моҳи Зилқаъда бо милоди мубораки ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) оғоз мешавад. Моҳе, ки ба хотири милоди хоҳару бародаре, ки меҳмони мо – эрониҳо шуданд ва бо ҳузури арзишманд ва баракату неъматҳои зиёд, шарафи Эронро боло бурданд ва барои ҳамаи давру наслҳои эронӣ неъмат оварданд, муборак аст.
Зилқаъда ҳамчунин башорати ибтидои Ҳаҷро медиҳад; бо тулӯи ин моҳ, зоирони Ҳаҷ худро барои оғози сафари вижа омода мекунанд. Сафаре, ки бояд дар он озмуда шаванд ва агар мақбул афтоданд, пок баргарданд ва покиро паҳн намоянд.
Зилқаъда моҳи сулҳ аст; аввалин моҳи аз чаҳор моҳи ҳаром аст, ки тибқи фармони Қуръони Карим, ҷанг кардан дар он, ҳатто бо душманон, ҳаром аст. Сайид ибни Товус дар бораи фазилати ин моҳ мегӯяд: «Моҳи Зилқаъда моҳест, ки дар ҳолатҳои сахтӣ ва тангнафасӣ, замони хубе барои дуо кардан аст ва барои аз байн бурдани зулму ситам ва дуо алайҳи золим таъсиргузор мебошад. Ҳамчунин, ин моҳ ҳамчун моҳи иҷобати дуоҳо ном бурда шудааст, бинобар ин бояд лаҳзаҳояшро ғанимат шумурд ва дар он рӯзаи эҳтиёҷ гирифт.»
Аъмоли рӯзи аввали моҳи Зилқаъда
Рӯзи аввалини моҳи Зилқаъда рӯзи мубораке аст, ки рӯза гирифтан дар он савоби рӯзаи ҳаштод моҳро дорад. Хондани намози ҳазрати Фотима (с) низ дар ин рӯз тавсия шудааст, ки иборат аз чор ракъат аст; дар ҳар ракъат як бор сураи Ҳамд ва панҷоҳ бор сураи Тавҳид (Қул ҳува-ллоҳу Аҳад) хонда шавад ва пас аз салом, тасбеҳи он ҳазрат хонда шавад.
Ризқи фаровон дар якшанбе-ҳои вижаи моҳи Зилқаъда
Ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) дар рӯзи якшанбеи моҳи Зилқаъда фармуданд: «Эй мардум, кадоми шумо мехоҳед тавба кунед?» Ровӣ мегӯяд: Гуфтем: Эй Расули Худо, ҳамаи мо мехоҳем тавба кунем. Ҳазрат фармуданд: Ғусл кунед, вузӯ бигиред ва чор ракъат намоз бигузоред. Дар ҳар ракъат як бор сураи Фотиҳа, се бор сураи Тавҳид ва як бор сураҳои Маъузатайн (Қул аъузу би-Рабби-н-нос ва Қул аъузу би-Рабби-л-фалақ) хонда шавад. Сипас, ҳафтод бор «Астғфируллоҳ» бигӯед ва дар поён «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ» бигӯед. Пас аз он бигӯед:
یا عزیز! یا غفار! اغفرلی ذنوبی و ذنوب جمیع المؤمنین و المؤمنات فانه لا یغفر الذنوب الا انت “Эй Азиз! Эй Бахшоянда! Гуноҳони ман ва гуноҳони ҳамаи мардону занони мӯъминро биёмурз, ки ғайри Ту ҳеҷ кас гуноҳонро намебахшад.”
Расули Худо (с) фармуданд: Касе ки се рӯз аз моҳи ҳаром — панҷшанбе, ҷумъа ва шанбе — рӯза бигирад, Худованд савоби ибодати як солро барои ӯ менависад.
Соири аъмоли мустаҳаббии моҳи Зилқаъда: