IQNA

Феҳристбандии 2 ҳазор нусхаи хаттӣ дар китобхонаи Остони муқаддаси Аббосӣ

22:40 - May 02, 2025
рақами хабар: 3288
ИКНА - Шӯъбаи умури фикрӣ ва фарҳангии Остони муқаддаси Аббосӣ коркарди феҳристбандии 2000 нусхаи хаттии китобхонаи ин остонро ба анҷом расонд.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Ал-Кафил, Аҳмад Муҳаммад Абдуллоҳ, аз маркази тасвирбардорӣ ва феҳристнависии нусхаҳои хаттии Остони муқаддаси Аббосӣ гуфт: Ин марказ феҳристбандии дақиқи 2000 нусхаи хаттиро, ки дар китобхонаи ҳарами мубораки Ҳазрати Аббос (а) ҳифз мешаванд, анҷом додааст.

Ӯ изҳор дошт, ки ин нусхаҳои хаттӣ дар чор ҷилд мунташир шудаанд ва ҳамкорони Остони Аббосӣ ҳамчунон машғули нашри ҷилди панҷуми ин нусхаҳо мебошанд.

Ӯ афзуд: Феҳристбандии ин нусхаҳои хаттӣ унвони нусха, номи муаллиф, таърих ва маҳалли навиштро дар бар мегирад. Илова бар ин, нусхаҳои муҳиме чун Қуръон, Наҳҷул-балоға ва Саҳифаи Саҷҷодия, ки мавриди таваҷҷуҳи густурдаи муҳаққиқон ва пажӯҳишгарон қарор гирифтаанд, барҷаста шудаанд.

Абдуллоҳ ишора кард, ки ин воҳид феҳристҳои зиёде аз нусхаҳои хаттии китобхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ дар кишварҳои гуногунро мунташир карда ва онҳоро дар вебсайте бо номи «Манбаи рақамии мероси нусхаҳои хаттӣ» ҳуҷҷат ва рақамӣ (диҷитал) намудааст, ки 100 ҳазору 606 унвонро дар бар мегирад.

 

https://iqna.ir/fa/news/4279756

captcha