Ҳуҷҷатул-ислом ва-л-муслимин Сайид Ваҳид Кошонӣ, раиси намояндагии минтақавии Ҷомеатул-Мустафо дар Туркия ва Қибрис дар гуфтугӯ бо ИКНА, аз роҳандозии пойгоҳи омӯзишии «Ал-Мустафо ТВ» ба унвони пойгоҳи расмӣ ва омӯзишии ин намояндагӣ дар Туркия хабар дод ва афзуд: Ин пойгоҳи омӯзишӣ бо ҳадафи густариш ва амиқсозии маъорифи исломӣ, омӯзишҳои ҳавзавӣ ва тарвиҷи забон ва адаби форсӣ, бо баҳрабардорӣ аз зарфиятҳои илмӣ ва омӯзишии густарда фаъолият мекунад.
Ин узви ҳайати илмии Ҷомеатул-Мустафо изҳор дошт: То кунун ин пойгоҳ беш аз 970 донишҷӯ ҷалб кардааст ва беш аз 2000 соат муҳтавои омӯзишии тасвириро (ба сурати оффлайн) тавлид намуда ва беш аз 500 соат омӯзиши онлайнро пешниҳод карда, ки бо ин васила мавқеи хосе миёни алоқамандон ба омӯзишҳои динӣ дар минтақа ба даст овардааст.
Ҳуҷҷатул-ислом ва-л-муслимин Кошонӣ илова кард: Ҳузури беш аз 60 устод дар бахшҳои гуногун чун улуми исломӣ, маъорифи ҳавзавӣ ва забони форсӣ, аз вижагиҳои барҷастаи ин маҷмӯа аст.
Ӯ таъкид кард: Телевизиони интернетии Ал-Мустафо ТВ, бо доштани 11000 узви фаъол, ба як пойгоҳи илмӣ ва фарҳангӣ барои муҳаққиқон, донишпажӯҳон ва алоқамандон ба улуми исломӣ ва инсонӣ табдил шудааст ва мекӯшад бо баҳрабардорӣ аз расонаҳои нав, қадаме муассир дар таблиғ ва тавсиаи маъорифи поки исломӣ бардорад.
Сомонаи расмӣ: https://elmustafaegitimtv.com