Ба гузориши хабарнигори ИКНА, маросими ифтитоҳи мактаби миллии нухбагони тиловат субҳи рӯзи 1 май бо ҳузури Ҳуҷҷатул-ислом вал-муслимин Сайидмаҳдии Хомӯшӣ, раиси Созмони авқоф ва корҳои хайрия ва гурӯҳе аз мудирони корҳои қуръонии кишвар дар толори ҳамоишҳои меҳмонхонаи Эрми Теҳрон баргузор шуд.
Дар оғози ин маросим Субҳон Абдуллоҳӣ, аз қориёни навраси узви мактаби миллии тиловат, оятҳое аз Каломи Муҷидро тиловат кард ва пас аз он чанд нафар аз наврасони қории узви мактаби миллии нухбагони тиловат ба ҳамхонии оятҳое аз Қуръон пардохтанд.
Мактаби миллии нухбагони тиловат – намунае барои дигар кишварҳо
Дар идомаи маросим, ки бо иҷрокунандагии Сайид Ваҳид Муртазоӣ, ровии маърифии кишвар, идома ёфт, Аббос Салимӣ, собиқадори қуръонии кишвар ва мушовири қуръонии раиси Созмони авқоф ва корҳои хайрия суханронӣ кард.
Салимӣ дар оғози суханони кӯтоҳи худ бо гиромидошти даҳаи каромат ва ёди устоди шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ ва Рӯзи муаллим гуфт: Аз онҷо ки ояндаи кишвар ба ин наврасон марбут аст, агар ин ояндасозон бо Қуръон ва каломи ваҳй ошно шаванд, метавонанд оянда ва саодати ин кишварро таъмин намоянд.
Ин собиқадори қуръонии кишварамон бо ишора ба он ки таъсиси мактаби миллии нухбагони тиловат як иқдоми бисёр зебо ва арзишманд аст, илова кард: Ин иқдоми боқимонда бо ҳимояти намояндаи мақоми муаззами раҳбарӣ ва раиси Созмони авқоф ва талошу мардонагии ҳамкорони ӯ дар Маркази корҳои қуръонӣ башорати он аст, ки барои хунсо кардани тавтиаҳои душманон нақшаи хубе таҳия шудааст.
Тавзеҳи ҷузъиёти мактаби миллии нухбагони тиловат
Ба гузориши ИКНА, дар идомаи ин маросим Алӣ Муҳаррабӣ, мудири мактаби миллии нухбагони тиловат низ тавзеҳоте дар бораи ин тарҳ ироа кард ва гуфт: Ду сол қабл вақте ки Юнус Шоҳмурадӣ дар мусобиқоти байналмилалии Қуръон дар кишвари Арабистон мақоми олӣ ба даст овард, раиси Созмони авқоф хост, ки заминае барои шиносоии истеъдодҳои қуръонӣ фароҳам шавад. Ба дунболи он ва бо талошҳои чандмоҳа ва баргузории ҷаласоти гуногун, давраҳои омӯзиши тиловат тарроҳӣ гардид.
Ӯ бо таъкид бар он ки дар тӯли ин ду сол бо даҳҳо ва садҳо истеъдоди ноб ва нодири қуръонии наврасон рӯ ба рӯ шудем, изҳор дошт: Наврасоне ки бисёре аз онҳо на узви ягон муассиса буданд ва на омӯзиши тахассусӣ дида буданд.
Қисми дигаре аз ин маросим ба суханони Ҳуҷҷатул-ислом вал-муслимин Сайидмаҳдии Хомӯшӣ ихтисос ёфт. Раиси Созмони авқоф ва корҳои хайрия гуфт: Худованд дар Қуръон мефармояд: قُلْ كُلٌّ يَعْمَلُ عَلى شَاكِلَتِهِ (Бигӯ: ҳар кас бар асоси табиати худ амал мекунад). Вақте инсон ба дунё меояд, вуҷуди табиии ӯ пайдо мешавад, аммо Худо воситаҳои шинохтро дар ихтиёри мо гузоштааст то Халиқ ва ҳастиро бишносем. Ҳар қадар шинохти мо аз Худои Мутаол бештар бошад, қурб ва наздикӣ ба Ӯ низ бештар хоҳад буд.