IQNA

Интиқоди католикҳо аз таҳқири Трамп ба мақоми Поп

7:49 - May 05, 2025
рақами хабар: 3298
ИКНА - Нашри тасвири сохтаи президенти ИМА бо истифода аз зеҳни сунъӣ, ки дар он Доналд Трамп либоси Попро ба бар кардааст, боиси интиқод ва вокуниши Конфронси католикҳои иёлоти Ню-Йорк ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гардид.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз шабакаи Ал-Ҷазира, Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳида, пас аз нашри тасвири сохтаи худ бо либоси Поп тавассути зеҳни сунъӣ дар платформаи «Truth Social» мавриди мавҷи шадиди интиқодҳо қарор гирифт.

Дар ин тасвир, Трамп бо либоси сафеди Поп зоҳир шудааст ва ангушти ишораи дасти росташро ба самти осмон баланд карда.

Ин дар ҳоле рух дод, ки чанд рӯз қабл аз он ки кардинолҳо ҷаласаи махфии худро барои интихоби ҷойнишини Попи Франсис оғоз кунанд, вақте хабарнигорон аз Трамп пурсиданд, ки мехоҳад Попи навбатӣ ки бошад, ӯ посух дод: «Мехоҳам худам Поп бошам. Ин интихоби аввалини ман хоҳад буд.»

Конфронси католикҳои иёлоти Ню-Йорк, ки намояндаи усқуфони ин иёлот дар бархӯрд бо ҳукумат аст, дар вокуниш ба нашри ин тасвир аз сӯи Трамп, аз ӯ сахт интиқод кард.

Ин ниҳоди масеҳӣ дар паёме дар шабакаи X (Твиттери пешин) навишт: «Ҳеҷ чизи зиракона ё хандоваре дар бораи ин тасвир вуҷуд надорад, ҷаноби президент.»

Дар идомаи ин паём омадааст: «Мо ба тозагӣ Попи Франсиси азизамонро ба хок супурдем ва кардинолҳо дар остонаи ворид шудан ба ҷаласаи маҳрамона барои интихоби ҷойнишини ҷадиди муқаддас Бутрус ҳастанд. Лутфан моро масхара накунед.»

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз ин амали Трамп шадидан интиқод карданд ва ӯро ба масхараи марги « Попи Франсис», раҳбари католикҳои ҷаҳон муттаҳам намуда, президенти Амрикоро шахси бемулоҳиза хонданд.

Яке аз корбарон навишт: «Ин беэҳтиромӣ ба калисо ва худои бузург аст… Ӯ амалан зидди Масеҳ аст.»

Корбари дигар навишт: «Ин амал таҳқиромез ва бисёр нафратангез аст.»

Гуфтанист, Трамп ҳафтаи гузашта дар маросими ҷанозаи Папа Франсиск ширкат кард, ки нахустин сафари хориҷии ӯ аз замони бозгашт ба саҳнаи сиёсӣ буд. Тақрибан 20 дарсади амрикоиҳо худро католик медонанд ва назарсанҷиҳои моҳи ноябри гузашта нишон доданд, ки ҳудуди 60 дарсади онҳо ба Трамп раъй додаанд.

https://iqna.ir/fa/news/4280107/

captcha