Ба гузориши хабарнигори ИКНА, вебинари байналмилалии «Ёди устод» ба хотири гиромидошти устоди марҳум Абдуррасул Абоӣ, ба муносибати рӯзҳои гиромидошти мақоми муаллим ва ба ташаббуси Созмони қуръонии донишҷӯёни кишвар вобаста ба Ҷиҳодидонишгоҳӣ ва ҳамкории Клуби Қуръонии Нур (шабакаи донишҷӯёни қуръонӣ) бо ҳузури устодоне чун Рофиъ ал-Омирӣ — пешсафи қуръонии Ироқ, ва Сайид Муҳсини Мусавии Балда, Карими Давлатӣ ва Довуди Такфаллоҳ — аз пешсафони қуръонии кишвари мо баргузор шуд.
Дар бахше аз ин вебинар Мусавии Балда ба зикри хусусиятҳои шахсиятиву ахлоқии устоди марҳум пардохта, гуфт: Ба ҳиссаи худ аз баргузоркунандагони ин нишасти арзишманд, ки ба хотири ёдбуди як намунаи илм ва ахлоқ баргузор шудааст, қадрдонӣ мекунам ва бори дигар ба хонаводаи мукаррами устод Абоӣ ва тамоми ҷомеаи қуръонии кишвар арзи эҳтиром ва таслият дорам.
Ӯ афзуд: Ашхоси бузург ва баландмартаба монанди хуршеданд. Хуршед вақте ки дар осмон медурахшад, сокинони ҳар шаҳр ва маҳалле эҳсос мекунанд, ки дар болои сари онҳо қарор дорад. Ин эҳсос ба сабаби баландии мавқеи хуршед аст. Чун баланд аст, ҳама ӯро мебинанд. Мо ҳам ба ҳамин шева бо хуршеди вуҷуди устод Абоӣ ошно будем.
Ин пешсафи қуръонии кишвар бо ишора ба он ки аз авоили даҳаи 60 (1980-милодӣ) бо устод Абоӣ ошно шуда буд, гуфт: Пас аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ ва аз соли 1359 ҳ.ш. (1980 м.) дар муассисаи «Дортаҳфизи Қуръон» дар Теҳрон ҷаласае доштем ва ӯ дар ин ҷаласа ҳузур ёфт ва худро ҳамчун муаллими Қуръон муаррифӣ кард — аз ҳамин ҷо равобит оғоз ёфт.
Мусавии Балда изҳор кард: Дар ҳамон ҷаласаи аввал ҳам аз назари симо ва ҳам рафтор дорои ҷойгоҳи баланд буд. Баъд аз муаррифӣ ба лаҳҷаи зебои арабии ӯ таваҷҷуҳ кардам. Азбаски устод Абоӣ зодаи Карбало буд, фасоҳати хоссе дошт. Ин яке аз вижагиҳое буд, ки ӯро миёни дӯстону шунавандагон барҷаста мекард.
Ӯ изҳор дошт: Дар тӯли солҳое, ки равобит доштем, сафарҳои зиёде доштем ва дар ҳамаи он маносибатҳо бо як шахсияти ҷаззоб ва ахлоқӣ рӯ ба рӯ будам, ки кам касе мисли ӯ буд. Шахсияте, ки дар ҷону дили ҳамаи мо ҷой гирифт.
Мусавии Балда бо ишора ба ояти «Фабимар-раҳматин миналлоҳи линта лаҳум ва лав кунта фаззан ғализал-қалбӣ ланфаззу мин ҳавлик» изҳор кард: Ахлоқи ӯ воқеан қуръонӣ буд ва инсон аз сӯҳбат кардан ва нишастан бо ӯ ҳаргиз хаста намешуд. Агар инсон андаке ҳам туршру ва сахтдил бошад, ин сахтдилиро наметавонад дар ҳама ҳолатҳо пинҳон кунад ва дар сӯҳбатҳо зоҳир намешавад. Агар ҳама мегӯянд аз устод Абоӣ ҳаргиз туршруӣ надидаанд, яъне ин устоди марҳум салимуннафс буд ва ахлоқи паёмбариро дар ӯ медиданд.
Ин пешсафи қуръонӣ ҳамчунин ба вижагиҳои илмии устод Абоӣ ишора карда гуфт: Устод Абоӣ дар заминаи забон ва адабиёти арабӣ устоди донишгоҳ буд ва дар донишгоҳи Улӯми Қуръон ва Ҳадис дар остони муқаддаси ҳазрати Абдулъазим (а) узви ҳайати илмӣ ба шумор мерафт. Ман ҳам дар ин мавқеъ ифтихори ҳамнишинӣ бо ӯро доштам.
Ӯ бо ишора ба он ки устод Абоӣ дар мусобиқоти Қуръон ба зудӣ шинохта шуд, гуфт: Ба далели тасаллуте, ки бар мавзӯи вақф ва ибтидо дошт, зуд ба ҳайси довар ба мусобиқот роҳ ёфт ва ин ҳузур ба зудӣ ба раёсати гурӯҳи доварӣ табдил шуд. Қисмате аз иллати интихоби ӯ ба унвони раиси ҳайати доварон, робитаҳои хубе буд, ки бо доварони арабзабон дошт ва ҳамеша яке аз беҳтарин интихобҳо барои раёсати ҳайати доварон маҳсуб мешуд.
Мусавии Балда ҳамчунин ба ҳузури устод Абоӣ дар гурӯҳи доварии мусобиқоти Қуръони Малайзия ишора кард ва гуфт: Мусобиқоти Малайзия мусобиқоти аслии ҷаҳони Ислом аст ва нахустин мусобиқоти Қуръони ҷаҳони Ислом ба шумор меравад, ки беш аз 20 сол қадимтар аз мусобиқоти Эрон аст.
Ӯ афзуд: Вақте мусобиқоти Эрон ба марҳилаи иҷро расид, барои таҳияи оиннома ногузир аз оинномаи Малайзия истифода шуд. Сипас, бо таваҷҷуҳ ба истеъдодҳои қуръонии мавҷуд дар кишвар, оинномаи Малайзия ба зудӣ маҳаллисозӣ шуд ва хеле зуд ин оиннома дар мусобиқоти саросарӣ ва байналмилалӣ аз лиҳози дақиқ будан ва таваҷҷуҳ ба масоили илмӣ болотар аз оинномаи Малайзия қарор гирифт. Ин сухан на танҳо даъвои ман аст, балки бисёре аз устодони хориҷӣ низ онро таъйид кардаанд. Қисмати муҳими ин дақиқкорӣ дар таҳияи оинномаи Эрон ба далели тасаллут ва дониши устод Абоӣ буд.
Мусавии Балда афзуд: Вақте устод Абоӣ барои доварӣ ба Малайзия рафт, бо тасаллут ва иртиботе, ки бо доварони дигар барқарор кард, таваҷҷуҳи ҳамаи доварони байналмилалии мусобиқоти Малайзияро бо ироаи нукоти нозуки оиннома ҷалб кард. Ин нукот ба андозаи зиёд бар оинномаи мусобиқоти Малайзия таъсир гузошт ва онҳо пас аз солҳо оинномаро тағйир доданд. Ба ҳамин иллат чандин бор аз устод Абоӣ ба унвони довар дар Малайзия истифода шуд ва тадриҷан ба раёсати ҳайати доварон ҳам расид.
Ӯ бо таъкид бар он ки муҳимтарин абзори як муаллим — забони ӯст, гуфт: Вақте ки устод Абоӣ бемор шуд, озмуни сахте барои ӯ пеш омад, ки, албатта, сарбаландона аз он хориҷ шуд. Чаро мегӯям сарбаланд? Зеро вақте беморӣ пешрафт кард ва кам-кам вуҷуди устодро фаро гирифт, ӯ ҳаргиз аз пой наафтод ва дар ҳамаи ҷаласаҳо, ки даъват мешуд, ҳузур меёфт. Бо ин кор ҳам ба мо рӯҳия медод ва ҳам аз ин ҷамъияти нуронӣ рӯҳия мегирифт.
Ин пешсафи қуръонии кишвари мо дар анҷоми суханонаш дар ин вебинар гуфт: Устод Абоӣ бо ахлоқи зебое, ки дошт, мардумро ба сӯи қироати Қуръон ҷалб кард. Пас ахлоқи муаллими Қуръон дар канори тасаллут ва дониши илмӣ метавонад дар ҷалби мардум ба сӯи Қуръон таъсири амиқ гузорад.