
Ба гузориши ИКНА ба нақл аз ал-Мисрӣ ал-Ёум, Усома Талиат, раиси Созмони кулли китобхонаҳо ва ҳуҷҷатҳои миллии Миср ва устоди осори таърихии исломӣ ва қибтӣ, дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “ON” гуфт, ки ин созмон Қуръонҳои таърихӣ аз давраҳои мухталифро нигоҳ медорад.
Таърихи китобхона:
- Ин марказ аз муҳимтарин марказҳои фарҳангӣ дар Миср аст ва таърихи он ба авоили асри 19 бармегардад. Дар соли 1828 таъсис ёфта, нахустин бойгонии миллӣ дар қораи Африқо шудааст. Баъд аз Англис ва Фаронса, Миср севумин кишваре буд, ки чунин марказ дошт.
Қуръонҳои нодир:
- Қуръонҳои таърихӣ қаблан ба масоҷиди муҳим чун масҷиди ҷомеъи Амр ибни Ос (масҷиди расмии давлати Миср) эҳдо мешуданд. Баъдан, барои нигоҳдории беҳтар ба Дорулкутуб супурда шуданд ва то ҳол дар он ҷо ҳифз мешаванд. Дар ин китобхона нусхаҳои бисёр нодири Қуръон бо вижагиҳои хаттӣ ва ҳунарии зебо ва ҷолиб нигоҳдорӣ мешаванд.
Барҷастатарин нусхаҳо:
- Мусҳафи Усмон: Яке аз қадимтарин Қуръонҳо. Бар пусти оху навишта шудааст. Бо хатти куфии содда ва бидуни нуқта ва ҳаракат. Гуфта мешавад, ки мансуб ба Усмон ибни Аффон аст. Ин мусҳаф комил нест. Қуръони мансуб ба Имом Ҷаъфари Содиқ (а): Тааллуқ дорад ба соли 148 ҳиҷрии қамарӣ. Гуфта мешавад ба хатти худаш навишта шудааст. Тақрибан 1300 сол қидмат дорад. Қуръони Ибни Қаловуни Мисрӣ: Аз муҳимтарин нусхаҳои нигоҳдоришаванда дар китобхона аст. Тааллуқ дорад ба даврони сулолаи Қаловуниён дар Миср. Қуръони Қалҷиту: Тавассути яке аз подшоҳони муғул дар Эрон ба султон Носир Муҳаммад ибни Қаловуни (аз подшоҳони Мамлукӣ дар Миср) эҳдо шудааст. Аз соли 1992 дар феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт шудааст. Тааллуқ дорад ба соли 725 ҳиҷрӣ. То имрӯз бе тағйир дар ранг ва матн, ба ҳамон шакли аслӣ нигаҳ дошта ва намоиш дода мешавад.
https://iqna.ir/fa/news/4280239