Ба гузориши ИКНА ба нақл аз «Анатолия», Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милал, Мигел Анхел Моратинос, шаҳрванди испанияро ба унвони фиристодаи махсуси ин созмон дар мубориза бо исломҳаросӣ таъин намуд.
Созмони Милал дар шабакаи иҷтимоии X гузориш дод, ки Маҷмаи Умумии СММ дар моҳи марти соли 2024 қатъномае бо номи «Чораҳо барои мубориза бо исломҳаросӣ» тасвиб кард.
Ин қатънома, ки ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо исломҳаросӣ қабул гардид, дархости таъини намояндаи махсуси Созмони Милал барои ин амрро дар бар мегирифт.
Дафтари сухангӯи Гутерриш дар баёнияе эълом кард: Моратинос ба фаъолияташ дар вазифаи кунуниаш ҳамчун намояндаи олии Иттиҳоди тамаддунҳои Созмони Милал идома медиҳад.
Ба гуфтаи дафтари сухангӯ, «бар ӯҳда гирифтани ин нақши дугона аз ҷониби Моратинос бо ҳадафи тақвияти тавоноиҳо ва манобеъи мавҷуда ва ҳамгироии вазифаҳои миссияи ҷадидаш анҷом мешавад.»
Бар асоси ин баёния, Моратинос аз соли 2019 раҳбарии Иттиҳоди тамаддунҳоро бар уҳда доштааст ва намояндаи «пули иртиботӣ ва минбари барҷастаи ҷаҳонӣ барои гуфтугӯ» мебошад.
Дар миёнаи моҳи март, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (OSCE) аз афзоиши нафратпароканӣ ва хушунат алайҳи мусулмонон ҳушдор дод.
Ин созмон бо таъкид бар он ки исломҳаросӣ дар бисёре аз кишварҳо ба як мушкили ҷиддӣ табдил ёфтааст, зарурати иқдоми ҷиддитар барои муқобила бо онро ёдовар шуд.
Ҳамчунин дар моҳи марти гузашта, Шӯрои равобити амрикоӣ-исломӣ (CAIR) аз 7.4 дарсад афзоиш ёфтани табъиз ва ҳамлаҳо алайҳи мусулмонон ва амрикоиҳои арабтабор дар соли 2024 хабар дод.
Ин шӯро афзоиши исломҳаросиро ба ҷанг ва қатли омми Исроил алайҳи фаластиниҳо дар Навори Ғазза ва эътирозҳои зиддиисломӣ дар донишгоҳҳои Амрико марбут донист.
Исроил бо пуштибонии Амрико аз 7 октябри соли 2023 дар Ғазза даст ба қатли омми фаластиниҳо задааст, ки дар ҷараёни он беш аз 171 ҳазор нафар — ки аксарияташон кӯдакону занонанд — кушта ва захмӣ шудаанд ва беш аз 11 ҳазор нафари дигар нопадид шудаанд.