Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Ал-Халиҷ, ин нусхаҳои Қуръон дар қолаби «ҷузвадони қуръонии ал-Басира» барои нобиноён, дар байни муассисаҳо ва ниҳодҳои фаъол дар арсаи нигоҳубини афроди дорои маълулият тақсим шуданд.
Ширкати хадамоти омӯзишӣ ба маълулини Иморот дар тақсими ин Қуръонҳо саҳм дошт ва ин нусхаҳо дар шаҳрҳои Работ (пойтахти Марокаш) ва Касабланка тақсим гардиданд.
Аъзои Ҷамъияти миллии рушди маълулини Марокаш, Ҷамъияти ҳамбастагӣ бо нобиноён ва камбинҳо, Ҷамъияти миллии нобиноён, Муассисаи Созмони Алавӣ барои нигоҳубини нобиноён ва афроде ки дар хондани хатти Брайл тавоноӣ доранд, ин нусхаҳоро дарёфт карданд, то ба онҳо дар шунидан ва тадаббур дар Қуръони Карим кумак кунад.
Бунёди авқоф ва идораи амволи ноболиғони Дубай дар ин бора эълом кард, ки ин Қуръон, ки ба номи «Мусҳафи ал-Басира» машҳур аст, бо ҳамкории як ширкати малайзӣ тавлид шудааст.
Ин марказ афзуд: Мусҳафи ал-Басира дорои феҳристи брайлӣ ва қалами электронии садоӣ мебошад, ки ба нобиноён имкон медиҳад оятҳоро интихоб карда, ба онҳо гӯш кунанд.