IQNA

Истирдоди қотили намозгузори фаронсавӣ аз Италия

0:04 - May 11, 2025
рақами хабар: 3322
ИКНА - Италия шахсеро, ки ба қатли як намозгузор дар масҷиде дар ҷануби Фаронса муттаҳам аст, ба мақомоти Фаронса таҳвил дод.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Euronews, Италия гумонбари парвандаи қатли як ҷавони 22-солаи молиии ба номи Абӯбакр Сиссе дар масҷиде дар ҷануби Фаронса, ки расонаҳои фаронсавӣ ӯро бо номи Оливйе А. муаррифӣ кардаанд, ба Фаронса истирдод кард.

Ин гумонбар, ки табааи Фаронса аст ва соли 2004 таваллуд шудааст, се рӯз пас аз фирор, рӯзи ҷумъаи гузашта худро ба пулиси Италия таслим кард.

Ба гузориши расонаҳо, ӯ аз шаҳри Флоренсияи Италия ба додгоҳи шаҳри Ним дар ҷануби Фаронса мунтақил шудааст ва қарор аст дар баробари қозии парванда ҳозир шуда, шарҳи худро аз рӯйдод ироа кунад.

Оливйе А. бо иттиҳоми эҳтимолии «қатли амдӣ бо ангезаҳои нажодӣ ё динӣ» ва «фарор аз тафтиш ё боздошт» рӯ ба рӯст.

Абӯбакр Сиссе замоне, ки дар масҷиде дар шаҳри маъдании Ла-Гранд-Комб дар ҷануби Фаронса машғули намозгузорӣ буд, мавриди ҳамла қарор гирифт ва бо даҳҳо зарбаи корд кушта шуд.

Оливйе А., ки дар ҳамин минтақа зиндагӣ мекард ва ба назар мерасад собиқаи ҷиноятӣ надоштааст, пас аз анҷоми қатл аз он наворгирӣ карда, наворро дар шабакаи «Снепчат» мунташир кардааст.

Ин ҳодиса дар ҳафтаҳои ахир баҳсҳои зиёдеро дар Фаронса барангехт, зеро мақомоти давлатӣ барои бархурди ибтидоӣ накардан бо ҳодиса ҳамчун ҷинояти нафратангез ва ё адами нишон додани нигаронӣ нисбат ба ҳамлаҳои дигар мавриди интиқод қарор гирифтанд.

Дар пайи ин қатл, чандин созмони сиёсӣ, гурӯҳҳои ҷомеаи маданӣ, муҳаққиқон, донишмандон, нависандагон ва чеҳраҳои иҷтимоӣ хостори баргузории як раҳпаймоии сукут дар саросари Фаронса дар рӯзи якшанбе, 11 май шудаанд.

https://iqna.ir/fa/news/4281476

captcha