Ба гузориши ИКНА, натиҷаҳои марҳилаи муқаддамотии сездаҳумин даври мусобиқоти байналмилалии Қуръони кишвари Либия, ки дар рӯзҳои гузашта ба сурати маҷозӣ баргузор шуда буд, эълом гардид ва ду намояндаи кишварамон дар ин рӯйдод аз ҳузур дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум монданд.
Муҷтабо Алиризолу ва Муҳаммадҷавод Далфонӣ, ду намояндаи Эрон дар мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими кишвари Либия буданд, ки дар марҳилаи муқаддамотӣ иҷрои беғалат ва бар асоси меъёрҳои оинномаи мусобиқоти Либия доштанд, аммо дар ниҳоят натавонистанд ба марҳилаи ниҳоӣ ва ҳузурии ин мусобиқот роҳ ёбанд.
Мусобиқоти байналмилалии Қуръони Либия дар се ришта — ҳифзи кулли Қуръони Карим, ҳифзи кулли Қуръон бо қироатҳои даҳгона ва ҳифзи кулли Қуръон бо тафсир — баргузор мешавад. Мақомот ва созмондиҳандагони ин мусобиқот дар ду бахш аз Эрон даъват ба амал оварда буданд.
Бар асоси тасмими Кумитаи эъзом ва даъвати қориён ва ҳофизони Қуръони Карим, дар риштаи ҳифзи кулли Қуръон Муҷтабо Алиризолу ва дар риштаи ҳифзи кулли Қуръон бо қироатҳои даҳгона Муҳаммадҷавод Далфонӣ ҳамчун намояндаи кишварамон барои ҳузур дар ин рӯйдод муаррифӣ шуда буданд.
Мусобиқоти байналмилалии Қуръони Либия дар ду марҳилаи муқаддамотӣ ва ниҳоӣ баргузор мешавад. Марҳилаи ниҳоии ин рӯйдод дар моҳи муҳаррами 1447 ба сурати ҳузурӣ баргузор хоҳад шуд.