IQNA

Ҷиҳоди исломӣ: Аз пешниҳодҳое, ки ба оташбаси зудтар меанҷомад, истиқбол мекунем

8:36 - May 14, 2025
рақами хабар: 3336
Сухангӯи ҳаракати Ҷиҳоди исломии Фаластин эълом кард, ки ин ҳаракат аз ҳамаи пешниҳодҳое, ки боиси суръат бахшидан ба оташбас дар Ғазза шавад, истиқбол мекунад.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз шабакаи Ал-Манор, Ҷиҳод Тоҳа, сухангӯи Ҷиҳоди исломии Фаластин, аз истиқболи ин ҳаракат аз ҳама гуна идеяҳо ва пешниҳодҳое, ки ба суръат бахшидани раванди расидан ба тавофуқи оташбас мусоидат мекунанд, хабар дод.

Вай афзуд: "Аз ҳамаи миёнҷигарҳо мехоҳем, ки Доналд Трампро аз ҷараёни давраҳои қаблии музокирот ва нақши Бинёмин Нетаняҳу дар ноком кардани ҳар гуна тавофуқ огоҳ кунанд."

Қаблан рӯзномаи саҳюнистии «Маарив» фош карда буд, ки «Стив Витков», намояндаи вижаи Кохи Сафед дар умури Ховари Миёна, дирӯз (душанбе) дар дидораш бо мақомдорони саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолшуда, тарҳи ҷадидеро барои тавофуқи мубодилаи асирон дар музокирот пешниҳод кардааст, ки метавонад Ҳамосро ба нармиши бештар водор кунад ва роҳро барои оташбаси доимӣ ва поёни ҷанг дар Ғазза ҳамвор созад.

Маарив навиштааст: ба гуфтаи ду манбаъи аршади исроилӣ, амрикоиҳо дигар тарҳи ибтидоии Витковро калиди тавофуқи оташбас намедонанд ва роҳи ҳалле ҷадид пешниҳод кардаанд.

Ба гуфтаи ҳамин манобеъ, Витков дирӯз ба Натаняҳу пешниҳоде ҷадид додааст, ки бар асоси он метавонад дурнамое барои тавофуқи комиле, ки ба поёни ҷанг дар Ғазза ва оташбаси доимӣ ва дарозмуддат меанҷомад, пешниҳод шавад.

Намояндаи вижаи Трамп дар умури Ғарби Осиё қаблан тарҳе барои музокирот пешниҳод карда буд, ки бар асоси он 11 асири исроилӣ, ки ҳанӯз зинда ҳастанд, дар иваз бо оташбас озод шаванд ва дигар асирон низ дар тӯли давраи оташбас ва ҳамзамон бо поёни ҷанг раҳо шаванд.

Бо ин ҳол, тарҳи пешниҳодшуда аз ҷониби Ҳамос бо иттифоқи ҳамаи гурӯҳҳои муқовимат дар Ғазза рад шуд, зеро ин тарҳ шарт гузошта буд, ки муқовимати Ғазза бояд хештанро халиъи силоҳ кунад. Ҳамчунин ин тарҳ оташбаси доимӣ ва поёни ҷангро дар Ғазза тазмин намекард ва хуруҷи комили неруҳои низомии режими саҳюнистӣ аз Ғаззаро низ дарбар намегирифт.

https://iqna.ir/00Hy1R

captcha