Ба гузориши ИКНА ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии остони муқаддаси Ҳусайнӣ, ин марказ бо назорати масъулони шўъбаи Маркази байналмилалии таблиғи Қуръон дар шаҳри «Ал-Лабуҳа» воқеъ дар минтақаи Бақаъи шимолу шарқии Лубнон ба фаъолият пардохт. Дар маросими ифтитоҳи он шахсиятҳои динӣ ва иҷтимоӣ ширкат доштанд.
Ин Дорулқуръон марказе барои омӯзиши Қуръон ва улуми қуръонӣ аст, ки зери назорати шўъбаи маркази зикршуда дар Бақаъ, барномаҳои гуногуни таълимӣ ва фарҳангии марбут ба Қуръонро иҷро хоҳад кард.
Маросими ифтитоҳи Дорулқуръон бо ҳузури Шайх Алӣ Мавлоӣ, мудири Дорулқуръон, Шайх Ҳусайн Мание, имомҷомеъи шаҳри Лабуҳа ва ҷамъе аз шахсиятҳо ва аҳолии минтақа баргузор шуд. Ширкаткунандагон ифтитоҳи ин марказро табрик гуфтанд ва бар аҳаммияти ин тарҳ дар таҳкими фарҳанги қуръонӣ дар манотиқи дурафтода ва маҳрум таъкид карданд.
Ин марказ аввалин Дорулқуръон дар ин минтақаи ҷуғрофии Лубнон аст, ки ба таълими Қуръон ва нашри улуми қуръонӣ мепардозад.
Аз дигар барномаҳои он метавон ба баргузории давраҳои тобистонаи қуръонӣ барои гурӯҳҳои синнии мухталиф ва омӯзишу тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ барои ташкили гурӯҳҳои кории қуръонӣ ишора кард, ки ба манзури пойдорӣ ва тавсеаи ин тарҳ амалӣ хоҳанд шуд.