Ба гузориши ИКНА ба нақл аз робитаҳои умумии Маҷмаи тақриби мазҳабҳои исломӣ, ин ҳамоиши байналмилалӣ бо ҳадафи «таҷрибаи Русия ва кишварҳои исломӣ дар бахши сиёсати ҷавонон; чолишҳои муштарак ва иқдомоти ҳамоҳанг» баргузор хоҳад шуд.
Аз ҷумлаи меҳварҳои аслии ҳамоиш метавон ба таҳкими фаҳмиши мутақобил ва мубодилаи таҷриба миёни созмонҳои ҷавонони Русия ва кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ, таҳкими барномаҳо ва ибтикороти муштараки ҷавонон бо ҳадафи иштироки густарда дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва ихтиёрӣ, ва тавсеаи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ ишора кард.
Ин ҳамоиш инчунин бар иҷрои тарҳҳои омӯзишӣ ва пажӯҳишӣ, баргузории конфронсҳо, семинарҳо ва чорабиниҳои огоҳсозии байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳо миёни донишгоҳҳои Русия ва кишварҳои хориҷӣ тамаркуз хоҳад дошт. Ҳамчунин, пешниҳодҳо барои иқдомоти муштарак дар заминаи пешгирӣ аз ифротишавии ҷавонон ва муқобила бо падидаи ифротгароӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.