IQNA

Халлоқияти як ҳунарманди маъюби марокашӣ дар китобати Қуръон бар рӯи пустини буз

17:26 - May 16, 2025
рақами хабар: 3344
ИКНА - Умар, хаттоти 60-солаи марокашӣ, бо вуҷуди маълулияти ҷисмие, ки аз кӯдакӣ гирифтораш будааст, ба иллати ишқи фаровонаш ба китобати Қуръони Карим, бо халлоқияте тавсифнопазир як мусҳафро бар рӯйи пустини буз китобат кардааст.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз шабакаи «Ал-Ҷазира», ин шабака гузорише аз ҳунарнамоии як шахси маъюби марокашӣ дар китобати Қуръон бар рӯи пустини буз мунташир кардааст. Дар ин гузориш, ҳунари ин шахси маъюб ба таври зерин тавсиф шудааст:

Ӯ бо дасти росташ ҳӯя (қалами сузанда)–ро нигоҳ медорад, дар ҳоле ки соири аъзои баданаш қобилияти ҳаракат надоранд. Чеҳрааш аз шавқу завқ медурахшад, ҳангоме ки бо заҳмат оятҳои сураи Фалақро бар порчае ҳамвор аз пустини буз менависад ва мекӯшад калимотро ба хубӣ бар он ҷо диҳад ва бар асоси қавоиду таносубҳои дақиқ онҳоро дар тӯли хатҳо ҳамоҳанг созад.

Умар Алҳодӣ дар утоқи кӯчак ва фақире дар манзилаш – ки ҳамзамон галереяи ҳунарии ӯ низ ҳаст – дар шаҳри Қунейтра, воқеъ дар шимоли Работ, пойтахти Марокаш, бар курсии чархдор нишаста ва бо диққат ва хузӯъ ба китобати оятҳое аз Қуръони Карим идома медиҳад, дар ҳоле ки тамоми фикру зикраш ба ҳамин кор равона аст ва гирду атрофаш пур аз абзорҳо ва қаламҳо дар андозаҳои гуногун аст.

Умар, хаттоти 60-сола, бо вуҷуди маълулияти ҷисмие, ки аз даврони кӯдакӣ доштагӣ аст, ҳаргиз таслим нашудааст ва шавқу рағбати шадидаш ба китобати Қуръони Карим ӯро ба ин кор водоштааст. Ӯ дар гуфтугӯ бо «Ал-Ҷазира Нет» гуфтааст, ки як рӯзи ҷумъаи соли 2015-ро — ба иллати муқаддас будани ин рӯз назди мусалмонон — барои оғози китобат интихоб кардааст ва ин кори китобати Қуръон се сол тӯл кашидааст.

Ба бовари Умар, ин аввалин бор аст, ки Қуръон бо ҳӯя (қалами сузанда) бар рӯйи пустини буз навишта мешавад ва ин таҷрибае ҷадид аст, ки ба гуфтаи ӯ то кунун касе онро анҷом надодааст. Ба ҳамин сабаб, ӯ ин корро як «дастовард» медонад.

Ҳикояти ин мусҳаф

Дар миёни осори гуногуни Умар, саҳифаҳои мусҳафи нахустини ӯ бо зебоии хаттотӣ ва ороишоти худ беназир ҳастанд ва башоратгари анҷоми маъмурияте ҳастанд, ки орзуи деринаи ҳар хаттот аст. Дар ҳамин ҳол, чаҳор шогирди духтар, ки ҳифзи Қуръонро аз Умар омӯхтаанд, китобати устодашонро баррасӣ ва муроҷиа мекунанд, то итминон ёбанд, ки иштибоҳе дар он нест.

Умар аз анҷоми китобати мусҳафи дастнависи худ хеле хушҳол аст. Ин нусхаи мусҳаф, ки тақрибан 100 килограмм вазн дорад, дар 565 саҳифа бар пустини буз китобат шудааст, ки тули ҳар саҳифа 55 ва арзаш 36 сантиметр аст.

Ин осор тавоноии нодири ӯро дар корбурди моҳиронаи чӯб, чарм ва мис ва табдили онҳо ба асарҳои ҳунарии зебо нишон медиҳад.

Умар нақл мекунад, ки муҳимтарин омили таҳриккунандаи ӯ барои китобати Қуръони Карим ташвиқҳои пайвастаи дӯстонаш буданд, ки ҳамеша ӯро ташвиқ мекарданд, то аз истеъдоди хаттотии худ барои китобати Қуръон истифода кунад.

Гарчи ӯ аз сарнавишти охирин асараш иттилоъе надорад, аммо китобати нусхаи дигареро аз Қуръон оғоз кардааст, ки умедвор аст дар дохили масҷиди ҳаром дар Маккаи Мукаррама мавриди истифода қарор бигирад.

Ин хаттот бо вуҷуди маълулияти ҷисмӣ, бидуни хастагӣ ба хаттотии худ идома медиҳад ва муҳаббати худро ба зиндагие, ки онро «пур аз роҳҳои ноҳамвор» тавсиф мекунад, изҳор менамояд ва халлоқиятеро ба намоиш мегузорад, ки бар маълулияти ӯ пирӯз шудааст.

https://iqna.ir/fa/news/4281888

captcha