Ба гузориши ИКНА, Умедризо Раҳимӣ — қорӣ ва ҳофизи равшанҳис ва аз аъзои Карвони қуръонии Нур — рӯзи чоршанбе 14 май, бо ҳузур дар меҳмонхонаи «Мухтор Плаза»-и Мадинаи Мунаввара дар миёни шуморе аз ҳоҷиён пораҳое аз сураи мубораки «Ар-Раҳмон»-ро тиловат намуд.
Ин қорӣ ва ҳофизи кулли Қуръони Карим яке аз аъзои 20-нафарии Карвони қуръонии Нур мебошад, ки таҳти сарпарастии Муҳаммадҷавод Кошифӣ барои баргузории курсӣҳои тиловат ва маҳфилҳои қуръонӣ ба сарзамини Ваҳй фиристода шудаанд.
Умедризо Раҳимӣ қаблан дар соли 2023 мелодӣ, дар риштаи ҳифзи кулли Қуръони Карим дар чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Ҷумҳурии Исломии Эрон мақоми аввалро ба даст оварда, ҷоизаи худро аз дасти раисиҷумҳури шаҳид — Оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ дарёфт карда буд.