Ба гузориши ИКНА ба нақл аз хабаргузории Анатолӣ, маҷмаи ҳалоли Қазон-2025 бо иштироки намояндагони кишварҳои гуногуни исломӣ оғоз ба фаъолият кард.
Рустам Минниханов, раисиҷумҳури Тотористон, дар маросими ифтитоҳи ин маҷма бар рушди сареъи бозори ҷаҳонии ҳалол ва аҳаммияти бозори ҳалоли Қазон барои Русия ва кишварҳои исломӣ таъкид кард.
Минниханов бо ишора ба он ки Тотористон мизбони беш аз 150 истеҳсолкунандаи маҳсулоти ғизоии ҳалол аст, гуфт, ки бозори ҳалоли Қазон ба як суннати арзишманд табдил ёфтааст.
Ӯ афзуд: «Ин бозор доираи васеъи маҳсулоти ҳалолро аз Русия ва кишварҳои дигар ба намоиш мегузорад ва фазое барои иштирокчиён ба манзури барқарории робитаҳои тиҷорӣ фароҳам мекунад». Пешбинӣ мешавад, ки гардиши молии бозори ҷаҳонии ҳалол то соли 2030 ба 10 триллион доллар хоҳад расид.
Маҳмуд Гурҷон, муовини вазири тиҷорати Туркия, гуфт, ки баргузории чунин рӯйдодҳо барои таблиғи маҳсулоти ҳалол ва тақвияти ҳамкориҳои ҷаҳонӣ дар ин бахш калидӣ ба шумор мераванд.
Гурҷон бо таъкид бар он ки бо вуҷуди вуҷуди наздик ба 2 миллиард мусулмон дар саросари ҷаҳон, бозори ҳалол як пойгоҳи муҳими истеъмолиро ташкил медиҳад, нақши ин маҷмаро дар тақвияти равобити иқтисодӣ бо ҷаҳони Ислом муҳим арзёбӣ кард ва гуфт, Туркия ва Русия қасд доранд тиҷорати дуҷонибаро ба 100 миллиард доллар бирасонанд.
Даври шонздаҳуми ин маҷма дар шаҳри Қазон, пойтахти Тотористон баргузор мешавад. Ин рӯйдод, ки то 18 май идома хоҳад ёфт, бар таҳкими равобити иқтисодӣ ва иҷтимоӣ миёни Русия ва ҷаҳони Ислом тамаркуз дорад.
Соли гузашта беш аз 20 500 ширкаткунанда аз 87 кишвар дар ин рӯйдод ҳузур доштанд.