Ба гузориши ИКТА ба нақл аз рӯзномаи Ал-Дастур, ин иҷлос бо ҳузури густардаи раҳбарон ва мақомдорони кишварҳои арабӣ ва дар миёни омодагиҳои шадиди ироқиҳо дар Бағдод баргузор мешавад.
Хабаргузории расмии Сурия (САНА) эълон кард, ки Асъад аш-Шайбонӣ, вазири умури хориҷии Сурия, раёсати ҳайати кишварашро дар ин иҷлос бар уҳда хоҳад дошт. Ин дар ҳолест, ки Аҳмад аш-Шаръ, раисиҷумҳури муваққат ва раиси давраи гузори Сурия, бо вуҷуди дарёфти даъвати расмӣ аз ҷониби давлати Ироқ, аз ширкат дар ин иҷлос худдорӣ кардааст.
Давлати Ироқ бо баргузории ин иҷлос барои нишон додани нақши дипломатии худ ва тақвияти ҷойгоҳи минтақавияш талош мекунад. Ин дар ҳоле аст, ки Ироқ бо чолишҳои сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодӣ рӯбарӯст.
Ҳайатҳои зиёди арабӣ, аз ҷумла Маҳмуд Аббос, раиси ташаккули худгардони Фаластин, ба Бағдод расидаанд ва Фуод Ҳусейн, вазири умури хориҷии Ироқ, дар фурудгоҳи байналмилалии Бағдод аз ӯ пешвоз гирифт.
Қарор аст масъалаи Фаластин ва таҳаввулоти Ғазза дар садри барномаҳои ин иҷлос мавриди баррасӣ қарор гирад. Муҳаммад Мустафо, нахуствазири ташаккули худгардон дар ин бора гуфт: «Ин иҷлос бахши қобили таваҷҷуҳеро ба баҳс дар бораи таҳаввулоти Ғазза ихтисос хоҳад дод».
Ӯ таъкид кард: «Қарорҳое, ки аз раҳбарони араб интизор меравад, ба хусус дар мавриди поён додан ба ҷанг ва суръат бахшидан ба таъсиси давлати мустақили Фаластин, сарнавиштсоз хоҳанд буд».
Ба ҷуз аз сарони кишварҳои араб, шуморе аз раҳбарони созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, дар садри онҳо Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ҳамроҳ бо Педро Санчес, нахуствазири Испания, ва шахсиятҳои барҷастаи байналмилалӣ дар ин иҷлос ширкат доранд.
Босим ал-Авадӣ, сухангӯи давлати Ироқ, эълон кард, ки ибтикороти марбут ба ин иҷлос байни иҷлоси одии сарони араб, панҷумин иҷлоси иқтисодӣ ва рушди кишварҳои араб ва ҳамчунин иҷлоси механизми ҳамкории сегона миёни Ироқ, Миср ва Урдун, ки дар канори иҷлоси имрӯза баргузор мешавад, тақсим шудааст.