IQNA

Маҳкумияти беэҳтиромӣ ба Қуръон дар донишгоҳи Калифорния

22:37 - May 19, 2025
рақами хабар: 3358
ИКНА - Шӯрои робитаи исломӣ-амрикоӣ (CAIR) беэҳтиромӣ ба Қуръони Карим дар донишгоҳи Калифорнияро ба шиддат маҳкум кард.

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз сомонаи иттилоърасони Шӯрои робитаи исломӣ-амрикоӣ, филиали Лос-Анҷелеси CAIR ин амалро, ки дар донишгоҳи Калифорнияи Лос-Анҷелес (UCLA) рух додааст, шадидан маҳкум намуд.

Ба навиштаи манобеъ, тасвирҳои ин таҳқири Қуръон тавассути як нафар дар шабакаи Reddit марбут ба донишгоҳи UCLA гузошта шудааст. Дар ин тасвирҳо дида мешавад, ки шахси номаълум китоби Қуръонро таҳқир намуда, онро зери по қарор дода ва саҳифаҳои онро пора кардааст.

Ин Шӯро бо такя ба дархости Анҷумани донишҷӯёни мусулмони донишгоҳ (MSA), хостори расидагӣ ба афзоиши нигаронкунандаи исломҳаросӣ дар донишгоҳ гардид.

Дар баёнияи расмии CAIR омадааст: «Ин ҳодиса мавҷи нигаронӣ ва хашмро миёни донишҷӯёни мусулмон барангехт, бахусус пас аз он ки баъзе саҳифаҳои интернетӣ на танҳо ин таҳқирро нашр карданд, балки дигаронро низ ба ҳамроҳӣ дар чунин амалҳо ташвиқ намуданд. Ин раванд нишондиҳандаи афзоиши хатарноки нафрат алайҳи мусулмонон дар донишгоҳ аст, дар ҳоле ки масъулони донишгоҳ бо вуҷуди дархостҳои такрорӣ барои изҳори назар ва иқдом, хомӯширо ихтиёр кардаанд.»

محکومیت هتک حرمت قرآن در دانشگاه کالیفرنیا

Аз тарафи дигар, шаҳодатҳо нишон медиҳанд, ки шахси номаълуме дар муҳити донишгоҳ алайҳи иштироккунандагони намоиши тарафдори Фаластин дар маҳалли Диксон Корт суханони таҳрикдиҳанда баён кардааст. Ин иқдом нигарониҳоро дар мавриди афзоиши таҳдидҳо алайҳи донишҷӯёни мусулмон бештар кардааст.

Анҷумани донишҷӯёни мусулмони UCLA, бо ишора ба иштидоди исломҳаросӣ дар як соли гузашта, аз масъулони донишгоҳ талаб кардааст, ки чораҳои ҷиддӣ барои пешгирӣ аз чунин ҳамлаҳои такроршаванда рӯи даст гиранд.

Дино Шаҳата, вакил ва мудири бахши ҳуқуқи шаҳрвандии CAIR дар Лос-Анҷелес гуфт:

«Ин рӯйдодҳо ҷудогона нестанд, балки бахше аз мавҷи рӯ ба афзоиши нафрат алайҳи мусулмононанд, ки масъулони донишгоҳ онҳоро нодида мегиранд ва амнияти равонӣ ва эҳсоси мансубияти донишҷӯёнро ба хатар меандозанд.»

Вай сиёсати роҳбарияти донишгоҳро тарафдори стандартҳои дугона хонд ва хотирнишон кард, ки борҳо намоишҳои ҷонибдори Фаластин бо баҳонаи "таъмини амният" саркӯб шудаанд, аммо нисбат ба исломҳаросӣ чунин вокунише сурат нагирифтааст.

Дар поён, Шӯрои робитаҳои исломӣ-амрикоӣ дар байонияе расмӣ аз роҳбарияти донишгоҳи Калифорния хост, ки:

  • мавқеи равшан дар маҳкумияти амалҳои зидди исломӣ эълом кунад, масъулияти муҳофизати донишҷӯёни мусулмонро ба уҳда гирад, ва иқдомҳои фаврӣ барои таъмини амният ва шарафи онҳо дар муҳити донишгоҳӣ анҷом диҳад.

https://iqna.ir/fa/news/4283341

captcha