Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз сомонаи иттилоотии остони муқаддаси Ҳусайнӣ, Идораи осорхонаи Имоми Ҳусайн (а), вобаста ба остони муқаддаси Ҳусайнӣ, Рӯзи ҷаҳонии осорхона ва понздаҳумин солгарди таъсиси худро бо баргузории маросими вижае гиромӣ дошт.
Ин маросим бо ҳузури Ҳасан Рашид ал-Убайҷӣ, дабири кулли остони муқаддаси Ҳусайнӣ ва инчунин гурӯҳе аз шахсиятҳои мазҳабӣ ва фарҳангӣ ва теъдоде аз боздидкунандагон баргузор гардид.
Ал-Убайҷӣ дар ин маросим гуфт: имрӯз мо шоҳиди ду руйдоди бисёр муҳим будем: аввал ҷашни Рӯзи ҷаҳонии осорхона ва дувум понздаҳумин солгарди таъсиси Идораи осорхонаи остони Ҳусайнӣ.
Ӯ илова кард: аҳамияти осорхонаҳо дар пайванд додани гузашта бо ҳол аст, зеро онҳо бахше аз таърихи миллат ва таърихи пешвоёни онанд. Ба ҳамин далел, Дабирхонаи кулли остони муқаддаси Ҳусайнӣ ба масъалаи осорхона аҳамияти зиёд медиҳад, зеро осорхона як василаи мушаххасу намоён аст, ки бар рӯҳия, эҳсосот ва авотифи боздидкунандагон таъсир мегузорад.
Ӯ гуфт: осорхонаи остони муқаддаси Ҳусайнӣ яке аз осорхонаҳои маъруфи исломӣ мебошад ва ашёву осори бостонӣ ва гаронбаҳои вобаста ба рӯйдоди ҷовидонаи Карбалоро дар бар мегирад. Ин мероси асили ҳусайнӣ нишонгари ҳиммат, қаҳрамонӣ ва фидокориҳои Сайидушшуҳадо Абӯабдуллоҳи Ҳусайн (а) ва ёронаш дар 1400 соли пеш мебошад. Аз ин рӯ, мо ҳамеша аз ин тарҳи фарҳангӣ, ки нишондиҳандаи ҳувияти фарҳангии кишвар, ҷомеа ва ҳамаи мусалмонон аст, ҳимоят мекунем.
Ӯ шарҳ дод, ки остони муқаддаси Ҳусайнӣ дар талош аст, то як осорхонаи бузург ва баландсифатро дар саҳни ҳазрати Зайнаб (с) бисозад, ки дорои ҷанбаи байналмилалӣ ва фанновариҳои пешрафта хоҳад буд. Дар ин осорхона ашёи қиматбаҳо, нусхаҳои хаттӣ, осори бостонӣ ва сунъоти марбут ба ҳодисаи ҷовидонаи Карбало, инчунин ҳамлаҳое, ки ин макони муқаддас аз тарафи носибиҳо ва душманони Аҳли байт шоҳид будааст, ба намоиш гузошта хоҳад шуд. Ба умеди Худо, ин осорхона ба баҳрабардорӣ хоҳад расид ва як шоҳкори ҳунарӣ дар сатҳи Ироқ ва ҷаҳони Ислом хоҳад шуд.
Ӯ афзуд: ин фаъолиятҳо нишондиҳандаи ӯҳдадории остони муқаддаси Ҳусайнӣ ба табдил додани Осорхонаи Имоми Ҳусайн (а) ба як фазои зинда барои иртибототи фарҳангӣ ва фикрӣ, ривояти достони фидокорӣ ва наҷот барои наслҳо ва табйини мафҳумҳои қиёми ҷовидонаи ҳусайнӣ барои башарият мебошад, то Карбало ҳамчун чароғи роҳнамои таърих ва хотираи фаромӯшнашаванда дар тӯли асрҳо боқӣ бимонад.
Осорхонаи Имоми Ҳусайн (а) дорои осори бостонӣ, ашёи антиқаву гаронбаҳо ва коллексияҳои нодирест, ки таърихи онҳо ба чандин садсола қабл бармегардад ва аз тарафи султонҳо ва подшоҳон ҳадя шудаанд. Бархе аз ин ашё дар ганҷинаи Имоми Ҳусайн (а) нигаҳдорӣ мешаванд.
Ин осорхона дар соли 2009 таъсис ёфтааст ва дар он мутахассисони соҳаҳои осори бостонӣ, ҳунарҳои тасвирӣ ва таърихи араб ба кор гирифта шудаанд. Онҳо рӯйхатеро аз ганҷинаи ашёи антиқа ва ҳадяҳои подшоҳон, султонҳо, амирон ва боздидкунандагони арабу мусалмон ба Осорхонаи Имоми Ҳусайн (а) таҳия кардаанд.