Ба гузориши ИКНА ба нақл аз journal24, ин зани 41-солаи шаҳрванди Алҷазоир бо таҳқири Қуръон ба густариши ҷоду ва сеҳр иқдом кардааст.
Ӯ қабл аз боздошт ба ҳамроҳи се нафари дигар, аз маводи мухаддир ва тилсмот дар фаъолиятҳояш истифода мекардааст.
Идораи амниятии шаҳри Алҷазоир (пойтахти кишвар) дар баёнияе эълом кард, ки муттаҳам бо ҳадафи калакбарорӣ (қаллобӣ) ба ҷодугарӣ рӯ оварда ва баъд аз дарёфти иттилоот дар бораи шахсе, ки дар яке аз маҳаллаҳои пойтахт ба ҷоду ва фолбинӣ машғул аст, боздошт шудааст.
Ин зан ба бесарусомонӣ, тахрибу пора кардани қасдии Қуръон барои амалҳои ҷодугарӣ, фолбинӣ ва бастани тилсм барои расонидани осеби равонӣ ва ҷисмонӣ ба афрод муттаҳам шудааст.
Гузашта аз ин, ӯ ҷоду ва сеҳрро дар телефонҳои ҳамроҳ ва шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғ мекардааст, ки боиси нақзи ҳарими хусусӣ, обрӯ ва шахсияти мардум гардидааст.
Сайругашт барои фасод, нигаҳдории маводи мухаддир ва маводи равонгардон бо мақсади истеъмол ва фурӯш ба дигарон, ва низ идора кардани маконе барои фисқу фуҷур аз дигар иттиҳомоти ин зани беҳурмат ба Қуръон эълом шудааст.