Абдураҳмон Ас-Судайс, масъулии Масҷидулҳаром ва Масҷидуннбӣ аз омодашудани ин тавлият барои иҷрои бузургтарин тарҳи Умра дар таърихи Ҳаҷ хабар додааст.
Ба гуфтаи вай ин тарҳ мубтанӣ бар чанд асл аст, ки шомили хидмат ба меҳмонони Байтуллоҳилҳаром, ғанисозии таҷрибаи зоирон ва тавонмандсозии занон ва ҷавонон аст.
Вазорати Ҳаҷ ва Умраи Арабистон низ ба навбаи худ бар ироаи хадамоти баҳина ба зоирон ва якпорчасозии хидматрасонӣ ба ҳуҷҷоҷ бо ҳадафи баҳрамандии ҳаддиаксарии бештарин теъдоди зоирон барои адои Умра таъкид кардааст. Ҳамчунин дар канори тавсеаи хадамот, истифодаи ҳаддиаксарӣ аз нармафзори ҳушманд барои тасҳили умури умрагузорон низ дар дастури кор қарор гирифтааст.
Ахиран эълом шудааст, ки ниҳоди мустақил таҳти унвон риёсати умури динӣ дар Масҷидулҳаром ва Масҷидунанбӣ ташкил шудааст, ки салоҳиятҳо, вазоиф ва назорат бар ҳамаи умури вобаста ба ҳарамайни шарифайн таҳти назари ин ниҳод анҷом хоҳад шуд. Тасмиме, ки бо ҳадафи инъитоф ва суръати бештар дар ироаи хадамот ва иртиқои кайфияти ин хадамот иттихоз шудааст.
Таваҷҷуҳи вижа ба ироаи хадамоти хос ба солмандон, бонувон, кӯдакон ва маълулон дар айёми Ҳаҷ низ яке дигар аз ҷанбаҳои ҷадиди тарҳҳои Ҳаҷ ва Умра аст, ки аз сӯи тавлияти кулли Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.
https://iqna.ir/00HSm1