IQNA

Баргузории чаҳорумин мусобиқаҳои Қуръони Карими кишварҳои Балкан дар Скопйе

11:59 - July 28, 2026
рақами хабар: 4880
Марҳилаи муқаддамотии чаҳорумин мусобиқаҳои байналмилалии Қуръони Карими кишварҳои минтақаи Балкан дирӯз, 3-юми август, бо ибтикори Вазорати корҳои исломӣ, даъват ва иршоди Арабистони Саудӣ дар шаҳри Скопйе, пойтахти Македонияи Шимолӣ, ифтитоҳ гардид.

Бино ба иттилои хабаргузории икно, бо истинод ба хабаргузории ВАС, ин мусобиқа бо ҳамкории Иттиҳоди исломии Македонияи Шимолӣ баргузор мешавад. Дар он 200 нафар иштирокчии марду зан аз 29 кишвар ҳузур дошта, дар панҷ бахш бо ҳам рақобат мекунанд.

Барои баргузории ин мусобиқа 2 миллион риёли саудӣ ҷудо гардидааст. Ин чорабинӣ дар доираи талошҳои Вазорати корҳои исломӣ, даъват ва иршоди Арабистони Саудӣ ҷиҳати хидмат ба Қуръони Карим баргузор мешавад.

Аз ҷумлаи ҳадафҳои дигари ин вазорат аз ташкили чунин мусобиқаҳо дастгирии ҳофизони Қуръон, ташвиқи рақобат дар ҳифз, тиловат ва таҷвиди Қуръон ва инчунин тақвияти ҳамкорӣ ва робита бо муассисаҳои исломӣ дар саросари ҷаҳон мебошад.

Маросими ифтитоҳ бо тиловати оятҳое аз Қуръони Карим оғоз гардид. Дар он Шайх Шокир Фаттаҳу, муфтии аъзами Македонияи Шимолӣ ва раиси Иттиҳоди исломии ин кишвар, инчунин уламо, муфтиён, роҳбарони муассисаҳои исломӣ ва таълимӣ, аъзои ҳайати доварон, иштирокчиёни мусобиқа ва шуморе аз шахсиятҳои барҷастаи исломӣ ҳузур доштанд.

Шайх Абдуллатиф ибни Ҳусайн ал-Ҳусайн, намояндаи динии Сафорати Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Босния ва Ҳерсеговина, ки ҳамзамон барномаҳо ва фаъолияти Вазорати корҳои исломии ин кишварро дар Македонияи Шимолӣ назорат мекунад, дар суханронии худ гуфт:

«Арабистони Саудӣ ба Қуръони Карим таваҷҷуҳи махсус дорад ва онро ба як тарзи зиндагӣ табдил додааст.»

Ӯ афзуд, ки Подшоҳии Саудӣ барои омӯзиши Қуръони Карим тавассути мактабҳо, ҳалқаҳои ҳифз, муассисаҳо, донишгоҳҳо ва марказҳои тахассусӣ талошҳои зиёд анҷом дода, инчунин муассисаҳои махсуси қуръонӣ, аз ҷумла Маҷмааи шоҳ Фаҳд барои чоп ва нашри Қуръони Карим дар шаҳри Мадинаро таъсис додааст.

Шайх Абдуллатиф ал-Ҳусайн бо ишора ба нақши муҳими падару модарон дар ташвиқи фарзандон ба ҳифзи Китоби Худо, аз иштирокчиён хост нияти худро танҳо барои ризои Худованд холис гардонида, Қуръони Каримро ҳамеша роҳнамои зиндагии худ қарор диҳанд.

Дар идома, Шайх Шокир Фаттаҳу, муфтӣ ва раиси Иттиҳоди исломии Македонияи Шимолӣ, таъкид кард, ки ин мусобиқаҳо танҳо рақобат дар ҳифз ва тиловати Қуръон нестанд, балки як ҳамоиши маънавӣ, фикрӣ ва фарҳангӣ мебошанд, ки мусулмононро гирди Қуръони Карим муттаҳид намуда, арзишҳои бародарӣ, ҳамкорӣ ва ҳамбастагиро миёни мардум таҳким мебахшанд.

4366251

captcha