Бино ба гузориши икно бо истинод ба «Масравӣ», ӯ бо чеҳраи ором ва садое, ки ҳосили даҳсолаҳо унс бо Қуръони Каримро таҷассум мекард, дар синни 87-солагӣ бар саҳнаи барномаи «Давлати тиловат» ҳозир шуд, то нишон диҳад, ки ҳифз, омӯзиш ва хидмат ба Қуръон ҳеҷ гуна маҳдудияти синну сол надорад ва аҳли Қуръон ҳамеша сарчашмаи ибрат ва илҳом хоҳанд буд.
Шайх Аваз ал-Фардӣ, сокини минтақаи Абу Ҳумс дар вилояти Буҳайраи Миср, ҳангоми ширкат дар ин барнома аз ҳайати доварон қадрдонии махсус гирифт. Ба ӯ вақти иловагӣ дода шуд ва доварон маҳорати баланди ӯро дар риояи қоидаҳои қироат ва иҷрои зебои тиловат ситоиш карданд.
Онҳо инчунин дигар иштирокчиёнро ташвиқ намуданд, ки аз таҷрибаи ин қории мисрӣ дар тиловати Қуръон баҳра гиранд, зеро ин таҷриба бозгӯи мақоми илмӣ ва солҳои тӯлонии хизматҳои ӯ ба Китоби Худо мебошад.
Сафари қуръонии Шайх Аваз осон набуд. Ӯ дар кӯдакӣ ятим монд ва вазъияти зиндагӣ маҷбур сохт, ки аз синни хурдсолӣ ба корҳои кишоварзӣ машғул шавад. Ин ҳолат боис гардид, ки ҳифзи Қуръонро дертар оғоз кунад. Аммо пас аз гузашти солҳо, ӯ тасмими сарнавиштсоз гирифт: Қуръонро роҳи зиндагии худ қарор дода, тамоми ҳастии худро ба ҳифз, тиловат ва тадаббур дар оятҳои илоҳӣ бахшид.
Ин марди солманди мисрӣ танҳо ба омӯхтани қироат қонеъ нашуд, балки ба омӯзиши улуми қуръонӣ, қоидаҳои таҷвид ва қироатҳои гуногуни Қуръон низ пардохт. Ӯ ҳар рӯз тақрибан шаш соат вақти худро ба мутолиа, муроҷиа ва тиловати Қуръон ихтисос медод, то он ки ба яке аз маъруфтарин омӯзгорони Қуръон дар минтақаи Абу Ҳумс табдил ёфт.
Шайх Аваз дар маҳаллаи худ мактаби ҳифзи Қуръонро барои кӯдакон бо ҳаққи таҳсили хеле кам таъсис дод ва ҳамзамон ба ҳайси имом-хатиби масҷиди Ат-Таҳрир дар Абу Ҳумс хизмат мекард.
Ӯ дар тӯли солҳои зиёд наслҳои зиёде аз ҳофизони Қуръонро тарбия намуд ва ҳамчунин ба бисёре аз мардум хондану навиштанро омӯзонд.
Ин қории мисрӣ ба туфайли садои дилнишин ва маҳорати баландаш дар риояи қоидаҳои тиловат шуҳрати зиёд пайдо кардааст.
Ӯ гуфт, ки дар барномаи телевизионии «Давлати тиловат» бо ташвиқи шогирдаш Шайх Аҳмад Омир иштирок кард. Шогирдаш ба ӯ хабар дода буд, ки сабти ном барои ширкат дар ин барнома оғоз шудааст.
Шайх Аваз ҳамчунин шарҳ дод, ки Шайх Мустафо Исмоил, қории бузурги марҳум, ба сабаби сабки нотакрор ва мактаби қуръоние, ки бар чандин насли қориён таъсири амиқ гузоштааст, намуна ва устоди ӯ дар ҷаҳони тиловат мебошад.
Қобили зикр аст, ки мавсими дуюми барномаи «Давлати тиловат», ки чанде пеш дар Миср оғоз гардид, ҳамоно ба кашф ва парвариши қориёни соҳибистеъдод аз вилоятҳои гуногуни ин кишвар идома медиҳад.
4365992