Ба гузориши ИКНА ба нақл аз хабаргузории расмии Ироқ, рӯзи чоршанбе, ҳайате аз Бунёди хадамоти иҷтимоии Ал-Айн бо Оятуллоҳи Узмо Систонӣ, марҷаи динии ироқӣ, дидор карданд.
Дар ин мулоқот, Оятуллоҳ Систонӣ тавсияҳо ва насиҳатҳои арзишмандеро ба аъзои ин ҳайат ироа намуда, онҳоро ба тақвият ва тавсеаи корҳои хайр ташвиқ карданд.
Эшон кӯшишҳои муассиса дар хидматрасонӣ ба ятимон ва ниёзмандонро сутуда, ҳимоят ва пуштибонии доимии худро аз он эълом намуданд.
Оятуллоҳи Узмо Систонӣ бар аҳаммияти хадамоти ин муассиса бо арзишҳои олии инсонӣ таъкид намуда, фидокорӣ ва дастовардҳои бештари кормандони муассисаро хостор шуданд.
Аъзои ҳайат низ ба муносибати ҳимоятҳои пайваста ва тавсияҳои ҳикматомези Оятуллоҳ Систонӣ изҳори қадрдонӣ намуда, бар устувории худ дар идомаи хидмати самимӣ ва фидокорона, ва ҳамчунин тақвияти талошҳо барои густариши пуштибонӣ ва фаро гирифтани ятимону ниёзмандон дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, таъкид карданд.
Бунёди хадамоти иҷтимоии Ал-Айн, як созмони мустақил ва башардӯстона аст, ки зери ҳимояти Оятуллоҳ Сайид Алӣ Систонӣ фаъолият мекунад. Ин муассисаи хайриявӣ дар соли 2006 милодӣ (1387 ҳиҷрии шамсӣ) дар Ироқ таъсис шуда, ба таври расмӣ ҳамчун як созмони ғайриҳукуматӣ ба қайд гирифта шудааст.
Маҳвари аслии фаъолияти бунёд, фароҳам овардани парастории ҳамаҷониба ва шоиста барои кӯдакони ятими ниёзманд мебошад.