Ба гузориши ИКНА ба нақл аз сомонаи 24.ae, шайх Сайид Саид, қории барҷастаи мисрӣ, рӯзи 7 марти соли 1943 мелодӣ ба дунё омада ва дар муҳити комилан қуръонӣ ба камол расид. Ӯ ҳифзи тамоми Қуръони Каримро пеш аз расидан ба синни ҳафтсолагӣ, зери назари шайх Абду-л-Маҳмудӣ Усмон дар мактаби қуръонии деҳаи зодгоҳаш ба итмом расонд.
Гарчи оғозу фаъолияти қуръонии ӯ дар деҳаи Дақаҳлия бидуни шӯҳрат буд, аммо баъдан номи ӯ дар вилояти Дамёт, бахусус дар минтақаи Кафри Сулаймон машҳур гардид. Ӯ одатан мегуфт: «Ин деҳаи Дамёт буд, ки унвони “шайх”-ро ба номи ман изофа кард ва ман пеш аз он ки ҳамватанонам маро бишносанд, дар он ҷо машҳур шуда будам».
Сипас шайх Сайид Саид ба ҷамъияти қориёни бузурги Миср пайваст ва дар барномаҳои қуръонӣ дар маҷлисҳо, маҳафилҳо ва масоҷид ширкат меварзид. Ӯ дар канори устодони барҷастаи тиловат монанди шайх Муҳаммад Сиддиқ Миншавӣ, Мустафо Исмоил, Абдулфаттоҳ Шаъшаъӣ, Муҳаммад Алӣ Банно, Абӯлъайнин Шуайшаъ ва дигар қориёни шинохтаи Миср тиловат мекард.
Тиловате, ки Сайид Саидро Султони қориёни Миср кард
Ӯ ба далели иҷрои беназири худ, махсусан тиловати таъсиргузору ҷунбандааш аз сураи мубораки Юсуф (а), ки бисёриҳо онро беҳтарин сабти тиловати ӯ медонанд, ба ҳақ «Султони қориён» (подшоҳи қориёни Миср) ном гирифт. Дар миёнаҳои даҳаи 1990, садои ӯ тамоми бозори Мисрро фаро гирифт ва дар он замон кассетаҳои тиловати ӯ ба таври густарда фурӯхта мешуд, то ҷое ки садои тиловати ӯ аз тамоми хонаҳо, дӯконҳо ва ҳатто воситаҳои нақлиёти умумӣ дар тамоми шаҳр шунида мешуд.
Бисёриҳо бар ин боваранд, ки ин сабти сураи Юсуф (а) нуқтаи атф ва табдили воқеӣ дар зиндагии шайх буд ва ҳамин муваффақияти бузург ӯро машҳур гардонд ва унвони шоистаи «Султони қориён»-ро барои ӯ ба армуғон овард — унвоне ки то имрӯз миёни қориёни мисрӣ бо худ дошт.
Фаъолияти касбии ӯ танҳо ба Миср маҳдуд намешуд, балки дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Иморот, Лубнон, Ироқ, Эрон, Швейтсария, Африқои Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон низ барномаҳои қуръонӣ иҷро карда буд. Ӯ мавриди эҳтироми президентҳо ва раҳбарони кишварҳои исломӣ қарор гирифт, аз ҷумла президентҳои Покистон, Лубнон ва Эрон — дар канори даври чаҳордаҳуми мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим (моҳи озари соли 1376 хуршедӣ) дар ҳарими муқаддаси Ризавӣ, ки қориёни барҷастаи мисрӣ аз ҷумла Абӯлъайнин Шуайшаъ, Роғиби Мустафо Ғалуш ва Сайид Саид доварони он мусобиқот буданд.
Шайх Сайид Саид дар баробари маҳорати касбии тиловати Қуръон, ба унвони раиси Иттиҳодияи қориёни Қуръон дар вилоятҳои Дақаҳлия ва сипас Дамёт фаъолият дошт. Ӯ таъсири тарбиявии амиқе бар ҷой гузошт, зеро теъдоде аз қориёни насли ҷадиди Миср, аз ҷумла шайх Саид ал-Харошӣ, Исом ал-Амир ва Саид Ҳамода зери назари ӯ таълим гирифта, хатм карда ва сабки ӯро пайравӣ карданд.
Шайх Сайид Саид пас аз як давраи мубориза бо беморӣ, рӯзи гузашта — 3 хурдод — дар синни 82-солагӣ чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.
Дар поён метавонед садои тиловати устод Сайид Саидро, ки оятҳои 19 то 31 аз сураи мубораки Юсуф (а) аст, бишнавед.