IQNA

Ҳаҷ дар Қуръон / 3

Саъй байни Сафо ва Марва — ибодати тавҳидӣ дар масири таърих

18:12 - May 26, 2025
рақами хабар: 3383
ИКНА - Саъй байни Сафо ва Марва танҳо ду теппаи рӯ ба рӯи ҳам дар канори масҷиди ҳаром нестанд; ин ду макон, аломатҳое аз ибодат, тавҳид, исор ва бозхонии таърихиянд, ки Қуръони Карим онҳоро бо унвони шаоири Худо ёд мекунад.

Дар матнҳои тафсирӣ омадааст, ки "шаоир" ҷамъи "шаира" аст ва ба аломатҳое гуфта мешавад, ки барои анҷоми аъмоли махсуси ибодӣ муайян шудаанд. "Шаоири Худо" низ ҳамон аломатҳоеанд, ки Худованд барои ибодати бандагонаш муайян кардааст. Аз ҷумлаи ин аломатҳо, Сафо ва Марва мебошанд — ду кӯҳе, ки имрӯз ба сурати роҳрави пушидае дар канори масҷиди ҳаром қарор доранд ва зоирони Хонаи Худо вазифадоранд, ки ҳафт бор фосилаи байни онҳоро тай кунанд.

Ин саъй, ёдоварӣ аз исор ва фидокории ҳазрати Ҳоҷар (а), ҳамсари ҳазрати Иброҳим (а), мебошад, ки барои ёфтани қатрае об барои тифли худ — Исмоил — ҳафт бор ин масирро бо изтироб ва таваккул тай кард. Ин ҳаракат ба андозае дар нигоҳи тавҳидӣ олӣ аст, ки Имом Содиқ (а) фармудаанд:
«Дар рӯи замин, маконе беҳтар аз байни ин ду кӯҳ вуҷуд надорад.» Зеро ҳар мутакаббире бояд дар онҷо бо кафан, пойлуч ва бидуни нишоне аз ифтихор, дар ҳолати роҳ рафтан ё давидан, бандагии худро нишон диҳад.

Аммо дар даврони ҷоҳилият, чеҳраи ин шаоир таҳриф шуда буд. Мушрикон ду бут бо номи «Асаф» ва «Наила»-ро бар фарози ин ду кӯҳ гузошта буданд ва ҳангоми саъй, аз онҳо табаррук меҷустанд. Ҳамин амр сабаб шуд, ки баъзе мусалмонон дар оғози Ислом гумон кунанд, ки саъй байни Сафо ва Марва амале ҷоҳилӣ ва нописанд аст. Қуръони Карим барои ислоҳи ин тасаввури нодуруст, ошкоро эълон кард:

إِنَّ الصَّفا وَالْمَروَةَ مِنْ شَعائِرِ اللَّهِ «Ба дурустӣ ки Сафо ва Марва аз шаоири Худо ҳастанд» (Бақара, ояти 158).

Ин оят на танҳо машрӯият ва муқаддас будани ин ду маконро тасбит намуд, балки нишон дод, ки дар нигоҳи Қуръон, нишонаҳои бандагиро ба хотири олудагиҳои таърихӣ набояд канор гузошт. Шаоири илоҳӣ, ҳарчанд рӯзе бо ширк ва ҷоҳилӣ ҳамроҳ шуда бошанд, дар партави тавҳид ва ваҳй покизаву эҳё мешаванд.

https://iqna.ir/en/news/3493232

captcha