IQNA

Созмони Ҳамкории Исломӣ ҳамлаи террористӣ ба автобуси мактаб дар Покистонро маҳкум кард

18:14 - May 26, 2025
рақами хабар: 3384
ИКНА - Созмони Ҳамкории Исломӣ ҳамлаи террористӣ ба як автобуси мактабро дар ҷанубу ғарби Покистон, ки боиси кушта ва захмӣ шудани даҳҳо донишомӯз гардид, шадидан маҳкум намуд.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз шабакаи «Аш-Шаъб», Ҳусайн Иброҳим Тоҳа, дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ ҳамдардии самимии худро ба хонаводаҳои қурбониён ва давлату мардуми Покистон изҳор дошта, барои маҷруҳон шифои оҷил хост.

Вай бори дигар маҳкумияти терроризмро дар ҳама шаклҳо ва зуҳуроти он аз сӯи Созмони Ҳамкории Исломӣ таъкид карда, ҳамбастагии ин созмонро бо давлат ва мардуми Покистон дар муқобила бо терроризм баён дошт.

Мақомот дар Покистон эълом карданд, ки дар пайи ҳамлаи интиҳорӣ ба автобуси донишомӯзони мактаби вобаста ба артиши ин кишвар, ҳашт донишомӯз — аз ҷумла ҳафт духтар ва як писар — ва ду нафар аз калонсолон кушта шуданд.

https://iqna.ir/fa/news/4284726

captcha