IQNA

Ҳоҷии индонезӣ — пиртарин зоири Хонаи Худо

18:15 - May 26, 2025
рақами хабар: 3385
ИКНА - Пиртарин зоири Хонаи Худо дар ҳаҷи соли ҷорӣ марде аст 109-сола аз Индонезия.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз «Антаранюс», пиртарин зоири Ҳаҷҷи соли 2025 аз кишвари серҷамъияттарини мусулмонон, яъне Индонезия аст.

Самбук, биби 109-солаи ҷазираи Ҷавои Индонезия, ки ӯро «Ненк Самбук» (Bibi Sambuk) меноманд, пиртарин зоири Ҳаҷҷи 2025 ба шумор меравад. Бо вуҷуди пои нотавон ва шунавоии заъиф, иродаи ӯ устувор боқӣ мондааст.

Ӯ ба забони ҷавоӣ гуфт: «Дуои ман ин аст, ки ҳаҷҷи ман пазируфта ва мақбул дар назди Худо бошад». Суханони ӯро духтараш, Сукмӣ, тарҷума намуд. Бо кумаки гурӯҳи роҳнамоии ҳаҷ ва умра (KBIHU), аз ҷумла бо истифода аз аробачаи маъюбӣ ва ёрдамчии шахсӣ, сафари худро ба унвони як узви гурӯҳи зоирон аз Ҷакарта оғоз кард.

Соли гузашта низ шахсияти илҳомбахши дигаре — Козимия Хотам, зани 104-солаи ироқӣ, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Шаҳзода Муҳаммад бин Абдулазиз дар Мадина ба таври гарм истиқбол шуд — маросими Ҳаҷро анҷом дод.

Ҳаҷҷи имсола қарор аст бузургтарин Ҳаҷ дар таърих бошад ва Арабистони Саудӣ интизори беш аз 2,5 миллион зоирро дорад. Индонезия бо 221,000 нафар зоир соҳиби бештарин саҳмия аст. Баъд аз он Покистон (180,000 нафар), Ҳиндустон (175,025 нафар), Бангладеш (127,198 нафар), Нигерия (95,000 нафар) ва Эрон (87,550 нафар) қарор доранд.

То миёнаи моҳи май, беш аз 220,000 зоир аз Индонезия, Покистон ва Бангладеш вориди Арабистони Саудӣ шудаанд, ки нишондиҳандаи афзоиши чашмгир дар шумори ширкаткунандагон аст. Мусулмонони ҷаҳон бо иштиёқ пас аз даврони пандемия ба ин суннати муқаддас бозмегарданд.

Санҷишҳои ҳатмии тиббӣ таъмини сиҳатии ҷисмонии зоиронро кафолат медиҳанд. Ҳамзамон чораҳои амалие чун нӯшидани оби кофӣ, истироҳат дар соя ва худдорӣ аз ҳаракат дар соатҳои гармии шадид (аз зуҳр то соати 3 баъд аз зӯҳр) сахт тавсия мешавад. Барои маросимҳои душворе чун тавоф ва саъй истифодаи аробача тавсия мешавад, то сиҳатии зоирон таъмин гардад.

https://iqna.ir/fa/news/4284551

captcha