Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Дорул-ифтои Миср, ин ҳамоиш ба муносибати сесолагии эълони 15 март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии муқобила бо исломҳаросӣ» аз сӯи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор мешавад. Шиори ҳамоиш «Исломҳаросӣ дар маркази таваҷҷуҳ: фош кардани таъассуб ва шикастани қолабҳои стереотипӣ» интихоб шудааст ва то фардо, 27 май идома хоҳад ёфт.
Иброҳим Наҷҷам, мушовири Муфтии Миср ва дабири кулли маҷмаҳо ва марказҳои фатво дар ҷаҳон, дар ин ҳамоиш ҳузур дорад ва дар мавзуи «Марказҳои фатво — ниҳодҳои фаъол дар тағйири ҷаҳонии муқобила бо исломҳаросӣ: фурсатҳо ва чолишҳо» суханронӣ хоҳад кард.
Ӯ дар суханрониаш нақши рӯ ба рушд ва таъсиргузори ниҳодҳои диниро дар муқобила бо навъҳои мухталифи табъиз ва нафратпароканӣ, нишон додани симои воқеии Ислом ва таблиғи ҳамзистии мусолиматомез шарҳ хоҳад дод.
Иброҳим Наҷҷам қабл аз сафараш ба Боку изҳор кард: «Исломҳаросӣ яке аз муҳимтарин чолишҳои ҷомеаҳои муосир аст, ки на танҳо амният ва каромати мусалмононро таҳдид мекунад, балки арзишҳои ҳамзистӣ ва гуногунрангии фарҳангиро низ ба хатар меандозад».
Вай афзуд: «Созмонҳои динӣ, ба хусус дору-л-ифтоҳо, масъулияти бузурге дар бартараф кардани тасвирҳои қолабии ғалати Ислом ва баёни мафоҳими дурусти он доранд. Ин масъулият бояд бо иқдомоти ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии байналмилалӣ амалӣ шавад».
Мушовири муфтии Миср таъкид кард: «Ҳамоиши Боку фурсати арзандаест барои мубодилаи назарҳо ва таҷрибаи гуруҳҳои ширкаткунанда. Мо бояд равиши фарогиреро ба кор гирем, ки шомили ҷанбаҳои динӣ, фарҳангӣ, таълимӣ ва сиёсӣ дар баробари решаҳои ин падидаи рӯ ба рушд бошад».
Гуфтанист, ин ҳамоиш бо ҳузури беш аз 100 ширкаткунанда, аз ҷумла муҳаққиқон, коршиносони байналмилалӣ, чеҳраҳои мазҳабӣ ва намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ аз 40 кишвари ҷаҳон баргузор мешавад.
Шарикони байналмилалии конфронс иборатанд аз:
· Форуми байнидинӣ дар гурӯҳи G20 (IF20)
· Созмони ҳамкории исломӣ (OIC)
· Созмони исломии омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангӣ (ICESCO)
· Маркази байналмилалии гуфтугӯи байнидинӣ Доҳавӣ (DICID)
· Кумитаи олии бародарии инсонӣ
· Шӯрои Ҳакимони мусалмон
· Шӯрои марказии мусалмонони Олмон
· Маҷлиси раҳбарони мусалмони Аврупо (EuLeMa)
· Маҷмаи байналмилалии мусалмонон
Аз меҳварҳои асосии ҳамоиш метавон ба инҳо ишора кард:
· Равандҳои ҷаҳонӣ дар исломҳаросӣ: чолишҳо ва посухҳо
· Нафратпароканӣ алайҳи мусалмонон дар сиёсат: чаҳорчӯби ҳуқуқӣ ва стратегияҳои ҳимоятӣ
· Исломҳаросӣ дар заминаҳои мухталиф: назарҳои минтақавӣ
· Исломҳаросӣ дар расонаҳо ва платформаҳои рақамӣ: нақши зеҳни сунъӣ дар густариш ва тақвияти таъассуби исломҳаросона