IQNA

Раҳбари муаззами инқилоб дар дидор бо нахуствазири Покистон таъкид карданд:

Зарурати иқдомоти таъсиргузор барои боздоштани ҷиноятҳо дар Ғазза

22:27 - May 27, 2025
рақами хабар: 3388
ИКНА - Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон, рӯзи якшанбе, дар дидор бо Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ, бо ишора ба ҷойгоҳи вижаи Покистон дар маҷмӯи ҷаҳони Ислом, бар зарурати фаъолиятҳои муштарак ва таъсиргузори Эрону Покистон барои боздоштани ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар Ғазза таъкид карданд.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз сомонаи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ишон дар оғози ин дидор бо изҳори хушнудӣ аз поёни ҷанги Покистону Ҳинд ва изҳори умедворӣ ба ҳаллу фасли ихтилофоти ду кишвар, ба мавқеи бисёр хубу қавии Покистон дар қазияи Фаластин дар солҳои гузашта ишора карда, гуфтанд: дар ҳоле ки дар солҳои ахир васвасаҳо барои барқарории робитаи кишварҳои исломӣ бо режими саҳюнистӣ зиёд шудааст, аммо Покистон ҳаргиз зери таъсири ин васвасаҳо қарор нагирифтааст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба зарфиятҳои фаровони уммати Исломӣ барои иқтидори бештар дар ҷаҳони имрӯз афзуданд: дар шароите ки ҷангталабон дар дунё ангезаҳои зиёде барои эҷоди ихтилофу ҷанг доранд, танҳо чизе ки метавонад амнияти уммати Исломиро таъмин кунад, иттиҳоди байни кишварҳои исломӣ ва тақвияти равобити миёни онҳо мебошад.

Эшон масъалаи Фаластинро масъалаи аввал ва меҳварии ҷаҳони Ислом дониста, бо ишора ба шароити фоҷиабори Ғазза таъкид карданд: вазъияти Ғазза ба ҷойе расидааст, ки мардумони одӣ дар Аврупо ва Амрико бо баргузор кардани тазоҳурот ба давлатҳояшон эътироз мекунанд, аммо дар ҳамин ҳол, мутаассифона, баъзе кишварҳои исломӣ дар канори режими саҳюнистӣ меистанд.

Раҳбари инқилоби исломӣ бо таъкид бар ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Покистон метавонанд бо ҳамкории якдигар дар ҷаҳони Ислом таъсиргузор бошанд ва қазияи Фаластинро аз ин роҳи нодуруст хориҷ созанд, гуфтанд: мо ба ояндаи ҷаҳони Ислом хушбин ҳастем ва бисёре аз рӯйдодҳо ин хушбиниро таъйид мекунад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин равобити Эрону Покистонро ҳамеша гарму бародарона дониста, бо ишора ба мавқеъгириҳои хуби Покистон дар замони ҷанги таҳмилии Ироқ бар зидди Эрон ба унвони намунае аз ин равобит, ҳамкориҳои кунунии ду кишварро дар арсаҳои мухталиф поинтар аз сатҳи матлуб арзёбӣ карда, афзуданд: ду кишвар метавонанд дар бисёре аз заминаҳо ба якдигар кумак кунанд ва умедворем ин сафар ба густариши ҳамаҷонибаи робитаҳо дар заминаҳои гуногун, бахусус иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ мусоидат кунад.

Раҳбари инқилоб ҳамчунин зарурати ҳамкории Эрон ва Покистон барои фаъолтар кардани Созмони ЭКО-ро таъкид карданд.

Дар ин дидор, ки раисиҷумҳур низ ҳузур дошт, Шаҳбоз Шариф бо изҳори хушнудии зиёд аз мулоқот бо Раҳбари инқилоб, аз нақши мусбати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар фаронишонидани буҳрони миёни Покистону Ҳинд қадрдонӣ карда, бо ишора ба таҳаввулоти даргириҳои ахир, ба мавзӯи Ғазза низ ишора карда, гуфт: мутаассифона, ҷомеаи байналмилалӣ ҳеҷ иқдоми муассире барои поён додан ба фоҷиаи Ғазза анҷом намедиҳад.

Нахуствазири Покистон ҳамчунин бо ишора ба музокироти хубу созандаи худ дар Теҳрон, изҳори умедворӣ кард, ки ин сафар заминаи густариши бештари равобити ду кишварро фароҳам кунад.

https://iqna.ir/fa/news/4284848

captcha