Ба гузориши хабарнигори ИКНА, нахустин ҷаласаи Шӯрои андешаварзии ҳафтуми мусобиқоти байналмилалии Қуръони донишҷӯёни мусулмон, рӯзи якшанбеи бо ҳузури ҷамъе аз пешқадамон, қориён, ҳофизон ва коршиносони умури қуръонии кишвари мо дар толори конфронси шаҳид Тақавии Созмони Қуръонии донишгоҳиёни кишвар баргузор шуд.
Ин ҷаласа бо тиловати Муҳаммадризо Пурзаргарӣ — қории байналмилалии кишвари мо — оғоз шуд ва Ҷалил Байтмашъалӣ — раиси Созмони Қуръонии донишгоҳиёни кишвар ва дабири ҳафтуми давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони донишҷӯёни мусулмон — ба баёни нукоте дар бораи ин рӯйдод пардохт.
Дар идомаи ин ҷаласа ҳар яке аз устодони ҳозир ба баёни дидгоҳҳои худ барои баргузории бошукӯҳи ин рӯйдоди байналмилалӣ пардохтанд, ки муҳимтарин мавориди матраҳшуда ба шарҳи зерин аст:
· Дар шаш давраи гузашта ин мусобиқот 176 қорӣ ва 154 ҳофизи кулли Қуръон ҳузур доштаанд.
· Ҳафтуми давра бо 43 қорӣ, 72 ҳофизи кул ва 24 асар дар риштаи фанновариҳои навини қуръонӣ баргузор мешавад.
· Риштаи «Фанновариҳо ва тавлидоти навини қуръонӣ» аз ҳафтуми давра ба маҷмӯи риштаҳои мусобиқоти байналмилалии Қуръони донишҷӯёни мусулмон илова шудааст.
· Аз бистари мусобиқот барои баёни абъоди мухталифи манавиёти мақоми муъаззами роҳбарӣ ва табйини номаи эшон ба ҷавонони Аврупо ва Амрико истифода шавад.
· Қишри донишҷӯ мавзӯъот ва дардҳои вижаи худро дорад, аз ин рӯ, абъоди мусобиқот бояд бо таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъ ва масъалаҳои мавриди эътимоди донишҷӯён бештар барҷаста шаванд.
· Барои пӯшиши густурдаи мусобиқот тавассути шабакаҳои телевизионӣ, ба вижа шабакаҳои хориҷӣ, бояд барномарезии дақиқ анҷом гирад.
· Пешниҳод мешавад, риштаҳое монанди тартиил, ки дар миёни ҷавонон ва донишҷӯён алоқаи бештар доранд, ба мусобиқот афзуда шаванд.
· Ҳамаи кишварҳое, ки мусобиқоти байналмилалӣ баргузор мекунанд, ин мусобиқотро дар пойтахт анҷом медиҳанд; ба назар мерасад авлавияти аввал баргузории ин мусобиқот дар Теҳрон бошад.
· Шаънияти мусобиқоти байналмилалии Қуръони донишҷӯёни мусулмон ба далели ҳузури қишри донишҷӯст, аз ин рӯ, барномаҳои ҷанбӣ бояд мувофиқ бо ин қишр тарҳрезӣ шаванд.
· Аз оғоз то анҷоми мусобиқот дар муҳити донишгоҳӣ баргузор шавад ва тамоми умури иҷроӣ ва макони баргузорӣ дар дохили донишгоҳ сурат гирад.
· Ҳамаи ширкаткунандагони ҳозир дар Эрон ба як андоза такрим шаванд, тамомии таваҷҷӯҳ танҳо ба нафарони аввал то сеюм набошад.
· Ҳадафи аслии мусобиқот ҳамчун як шиор дар ҳамаи абъоди он таҷассум ёбад.
· Бонувони нухбаи қуръонӣ барои баргузории нишастҳои тахассусӣ даъват шаванд.
Бар асоси гузориши ИКНА, дар ин ҷаласа, ки беш аз ду соат идома дошт, устодоне чун Аббос Салимӣ, Сайидмуҳсин Мӯсавии Балда, Муҳаммадалӣ Хоҷпирӣ, Маҳдии Қаррашайхлу, Сайид Аббос Анҷом, Муҳаммадҳусайн Мусибзода, Мансур Қасризода, Муҳаммадризо Пурмуин, Муҳаммадҳусайн Муҳаммадзода, Муҳаммадмаҳдӣ Баҳр-ул-Улум, Сайидҳусайн Мӯсавии Балда, Маъсума Аббосии Назарӣ, Илҳом Мандегормеҳр, Сумая Ҳоҷиалӣ, Закия Абдуллоҳиён, Маҳдӣ Сайфӣ ва Майсам Муафӣ ҳузур доштанд. Беҳзод Муҳаммадӣ, намояндаи Вазорати умури хориҷӣ низ дар ин ҷамъ ҳузур дошт.
Ҳамчунин устодоне чун Ҳайдар Косимӣ, Валии Ёраҳмадӣ, Муҳаммадризо Сутуданиё, Маҳдии Дағоғила, Ғуломризо Шоҳмеваи Исфаҳонӣ, Қосим Ризоӣ ва Карим Давлатӣ низ ба сурати маҷозӣ дар ин ҷаласа ширкат карданд.